Пулиси Русия 78 ҷинояткори дар Тоҷикистон пинҳоншударо боздошт кард

Дар Маскав рӯзи 8-уми октябр ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид. Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии Вазоратҳо, рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин андешидани чораҳо дар самти такмил додани ҳамкориҳо зимни пешгирӣ, муайян ва […]

Дар Маскав рӯзи 8-уми октябр ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии Вазоратҳо, рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин андешидани чораҳо дар самти такмил додани ҳамкориҳо зимни пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД Русия, зимни ҷаласа вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев натиҷаи чорабиниҳои муштараки дуҷонибаро оид ба ҷустуҷӯйи ҷинояткорони пинҳоншуда пурсамар арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки муддати якчанд рӯзи ҳамкории гурӯҳҳо дар моҳи март макони будубоши 78 ҷинояткори дар Тоҷикистон пинҳоншуда муайян гардид.

“Соли гузашта ва ним соли 2019 дар доираи амалиёти “Канал” (Долон) дар қаламрави Русия наздики 2,5 ҳазор ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор ва 765 кило мухаддарот мусодира шуд, – гуфт Колоколтсев. – Ҳамтоҳои тоҷикистонӣ дар ин давра мутаносибан 16 чунин амали ғайриқонуниро пешгирӣ ва қариб 100 кило маводи мухаддир мусодира карданд”.

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Русия, кумаки саривақтии ҳамтоёни тоҷикистонӣ ба анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории 6 узви гурӯҳи ҷиноятпеша, ки асосан шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, мусоидат кард.

“Аз моҳи декабри соли 2016 то моҳи июни соли 2017 ин гурӯҳ дар қаламрави минтақаи Маскав як силсила ҷиноятҳои роҳзаниву ғоратгарӣ содир карда буд”, – гуфт ӯ.

Дар интиҳои ҷаласа нақшаи кории Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон барои соли 2020 тасдиқ карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.