БМТ аз коҳиши назарраси меъёри фоизи қарзҳо хабар дод

Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019 нисбат ба нӯҳ моҳи соли гузашта ба андозаи 6,4 банди фоизӣ паст шуда, 22,1%-ро ташкил дод. Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) зимни ҷаласаи ҷамъбасти вазъи низоми бонкӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 маълумот дод. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти […]

Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019 нисбат ба нӯҳ моҳи соли гузашта ба андозаи 6,4 банди фоизӣ паст шуда, 22,1%-ро ташкил дод. Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) зимни ҷаласаи ҷамъбасти вазъи низоми бонкӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 маълумот дод.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ, Нурмаҳмадзода гуфтааст, меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо дар ин давра бо асъори хориҷӣ ба 15,5% баробар шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ паст аст.

Тадбирҳои паст кардани меъёри фоизи қарзро Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи иқдоми сарвари давлат оид ба таъмини рушди соҳибкорӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ амалӣ кардааст.

Ба қавли раиси БМТ, аз ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар ин давра додашуда наздики 40% он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Нурмаҳмадзода таъкид дошт, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ истеҳсолотчиён ба сурати умум дар ҳаҷми ҳудуди 2,7 млрд. сомонӣ (наздики 280 млн. доллар) қарз гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 980 млн. сомонӣ ё худ 58% бештар аст.

Раиси БМТ зикр кард, ки моҳҳои январ-сентябри соли 2019 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба соҳаи сайёҳӣ 8,1 млн.сомонӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ 27,2 млн. сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,5% афзудааст.

Қобили зикр аст, ки роҳбарияти кишвар чандин маротиба ба дастнорасии қарзҳои арзон барои тиҷорат таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба масъулин ҷиҳати поин бурдани меъёри фоизи қарзҳо супориш дод.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ду сол пеш дастур дода буд, ки арзиши воқеии қарзҳои бонкӣ муайян ва меъёрҳои фоиз ба онҳо тадриҷан поин бурда шавад.

Барои иҷрои ин дастур соли гузашта дар Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарияш ба уҳдаи муовини раиси Бонк вогузор гардид.

Дар БМТ мегӯянд, ки роҳандозии тадбирҳоро барои амалисозии сиёсати қобили қабули фоизӣ дар низоми бонкӣ давом медиҳанд ва онро омили муассир барои рушди иқтисоди кишвар медонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.