“Облава”-и ҷавонписар дар рӯзи 18-солагӣ

Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Насимҷон Қосимовро субҳи 9-уми ноябр аз хонаашон дастгир карда, ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Ӯ дар ин рӯз 18-сола шуд. “Хоб будем. Дар тақ-тақ шуд. Омада, гуфтанд, ҳама ҷоро месанҷем, – нақл кард ба “Азия-Плюс” Наим, додари Насимҷон. – Акаам ба онҳо гуфт, ки дарро модарам аз берун қулф карда, рафтааст ва рӯзи душанбе меояд. Онҳо қулфро шикаста, ба […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Насимҷон Қосимовро субҳи 9-уми ноябр аз хонаашон дастгир карда, ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Ӯ дар ин рӯз 18-сола шуд.

“Хоб будем. Дар тақ-тақ шуд. Омада, гуфтанд, ҳама ҷоро месанҷем, – нақл кард ба “Азия-Плюс” Наим, додари Насимҷон. – Акаам ба онҳо гуфт, ки дарро модарам аз берун қулф карда, рафтааст ва рӯзи душанбе меояд. Онҳо қулфро шикаста, ба хона даромаданд”.

Ҳамсояҳо аз ин ҳодиса дар ҳайрат буда, мегӯянд, байни онҳо кормандони ҷамоатро шинохтаанд ва як зан ҳам будааст.

“Чаро одамро бо чунин тарз, дар набудани модараш мегиранд? Магар ба хизмати ҳарбӣ ҳамин тавр бурдан дуруст аст? Мо ҳам мехоҳем, ки фарзандонамон ба хизмат раванд, лекин на бо чунин тарз. Ман се набера дорам ва намехоҳам, ки онҳоро ин хел ба хизмат баранд”, – мегӯяд ҳамсоязан Мавлуда Саидова.

Ҷойи хизмати Насим аллакай муайян шудааст. Ба гуфтаи волидон, писари онҳоро барои адои хизмат ба Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Панҷ фиристодаанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ 70% иҷро шудааст. То анҷоми маъракаи даъвати тирамоҳӣ се ҳафтаи дигар мондааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.