Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад! АНОНС – Шоми имрӯз дар Театри опера ва балет бо иштироки ҳунармандон ва устодони санъати тоҷику ӯзбек консерти муштарак баргузор мешавад; – Дар Мандалай байни дастаҳои мунтахаби футболи Мянма ва Тоҷикистон бозии даври […]

Asia-Plus

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Шоми имрӯз дар Театри опера ва балет бо иштироки ҳунармандон ва устодони санъати тоҷику ӯзбек консерти муштарак баргузор мешавад;

– Дар Мандалай байни дастаҳои мунтахаби футболи Мянма ва Тоҷикистон бозии даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 баргузор мешавад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium» соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (15:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Пахши мустақими бозиро шабакаҳои телевизиони “Варзиш” ва “Футбол” намоиш медиҳанд;

– Бо намоиши филми “Помилование” (коргардон Ян Якуб Колский) Ҷашнвораи филмҳои “Висла”-и Лаҳистон (Полша) дар Душанбе хотима меёбад. Оғози намоиши филм соати 17:00 дар толори кинои “Тоҷкифилм”;

– Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати ҷашни маҷаллаи адабӣ ва иҷтимоиву сиёсии “Помир” чорабинӣ доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6954 сомонӣ;

1 евро – 10.6746 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1504 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1666 – Аввалин ҷарроҳии тиббии хунгузаронӣ дар таърих баргузор шуд.

2001 – Низомиёни амрикоӣ ба Тоҷикистон омаданд. Ҳавопаймои низомиву боркашонии «Геркулес» бо мутахассисони Вазорати мудофиаи ИМА ба майдони ҳавоии пойтахт фуруд омад.

2016 – Хабаргузории мустақили TojNews фаъолияташро қатъ кард.

1847-1931 – Зодрӯзи оҳангсоз, мусиқинавоз ва овозхон Содирхон Бобошарифов.

1973 – Мавлуди журналист Роза Шапошник.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тайирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо тумани тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 14+19 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6° гарм, рӯзона 10+15° гарм мешавад..

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2+3°, дар баъзе ноҳияҳо то 1+6° гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 6-11 то 15-20° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар НТМ  — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳо тумани тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 11+16° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6 гарм, рӯзона 16+18° гарм мешавад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +10+12.   

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона -1+1, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.