Театри ба номи Маяковский “Тартюф”-ро дар Русия намоиш медиҳад

Сафари ҳунарии Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский ба шаҳрҳои Русия 16-уми ноябр шурӯъ мешавад. Дар ин бора ба Asia-Plus ҳунарпешаи ин театр Хуршед Мустафоев иттилоъ дод. Гурӯҳи эҷодии театр дар доираи ин сафари ҳунарӣ ба шаҳрҳои Тамбов ва Маскав меравад. “Иттифоқи кормандони театрии Федератсияи Русия театри моро барои сафари ҳунарӣ ба кишварашон даъват […]

Сафари ҳунарии Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский ба шаҳрҳои Русия 16-уми ноябр шурӯъ мешавад. Дар ин бора ба Asia-Plus ҳунарпешаи ин театр Хуршед Мустафоев иттилоъ дод.

Гурӯҳи эҷодии театр дар доираи ин сафари ҳунарӣ ба шаҳрҳои Тамбов ва Маскав меравад.

“Иттифоқи кормандони театрии Федератсияи Русия театри моро барои сафари ҳунарӣ ба кишварашон даъват кард. Вақте дастандаркорони Ҷашнвораи театрҳои русзабон фаҳмиданд, ки мо ба шаҳри Тамбов меравем, хоҳиш карданд, то дар ин фестивал ҳам ширкат варзем. Мо бо спектаклҳои “Тартюф” ва “Шабе дар театр” (Ночь в театре) ба сафар мебароем”, – гуфт ӯ.

Ин сафари ҳунарӣ 16-уми ноябр дар шаҳри Тамбов шурӯъ шуда, зимнан ҳар ду намоишнома пешкаши бинандагони маҳаллӣ мешавад. Сипас ҳунарпешаҳои Тоҷикистон дар Ҷашнвораи театрҳои русзабон, ки айни замон дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, рӯзи 19-уми ноябр бо спектакли “Тартюф” ширкат меварзанд.

Дар ин Ҷашнвора ҳамчунин театрҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Гурҷистон ва Молдова ҳунарнамоӣ мекунанд.

Намоишномаи “Тартюф” аз рӯйи асари нависандаи швейтсарӣ Жан Батист Молйер таҳия шуда, коргардони он Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков мебошад.

“Шабе дар театр”-ро Хуршед Мустафоев аз рӯйи ҳикояҳои Антон Чехов ба саҳна гузоштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.