Навбатдории озмоишии низоми мушакии С-300-и Русия дар Тоҷикистон

Дастаи низоми дифои мушакии С-300-и Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия аз 1-уми декабр ба навбатдории ҷангии озмоишӣ оғоз мекунад. Тавре дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия хабар медиҳад, дар ин бора фармондеҳи нерӯҳои Ҳавза генерал-полковник Александр Лапин иттилоъ додааст. “Дивизиони мушакии дифои ҳавоӣ, ки бо низомҳои С-300ПС мусаллаҳ аст, аз 1-уми декабр ба навбатдории ҷангии озмоишӣ […]

Дастаи низоми дифои мушакии С-300-и Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия аз 1-уми декабр ба навбатдории ҷангии озмоишӣ оғоз мекунад.

Тавре дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия хабар медиҳад, дар ин бора фармондеҳи нерӯҳои Ҳавза генерал-полковник Александр Лапин иттилоъ додааст.

“Дивизиони мушакии дифои ҳавоӣ, ки бо низомҳои С-300ПС мусаллаҳ аст, аз 1-уми декабр ба навбатдории ҷангии озмоишӣ шурӯъ мекунад. Айни замон корҳои омода кардани мавқеи ҷойгиркунии техника ҷараён дорад, ки то охири моҳи ноябр бояд ба анҷом расонида шаванд”, – шарҳ додааст Лапин.

https://www.youtube.com/watch?v=PNLcgKBWLMM

Моҳи октябр пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо низомҳои мушакии дифои ҳавоии С-300ПС мусаллаҳ шуд. Техника ба қаламрави кишвар тариқи роҳи оҳан интиқол дода шуд.

Вазифаи асосии дивизион таъмини ҳимояи иншооти пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз воситаҳои ҳамла аз фазо ва кайҳон, ҳамчунин дифои зиддиҳавоии амнияти дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҳайати дивизион фарогири қариб 30 адад техника, аз ҷумла, нуқтаи фармондеҳӣ, дастгоҳҳои партоби мушак, муайян кардан ва пайгирии ҳадаф, ҳамчунин мошинҳои таъмини фаъолияти низом аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.