Тоҷикистон солҳои 2020-2022 қариб $1 млрд. қарзи хориҷиро аз худ карданист

Ҳукумати Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар се соли оянда қариб 930 млн. доллар қарзҳои хориҷиро аз худ карданист. Дар доираи Барномаи қарзҳои берунии хориҷӣ соли 2020 аз худ кардани 228,14 млн., соли 2021 – 336,48 млн. ва соли 2022 – 365,31 млн. доллар маблағҳо ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи барнома, соли равон аз худ […]

Ҳукумати Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар се соли оянда қариб 930 млн. доллар қарзҳои хориҷиро аз худ карданист.

Дар доираи Барномаи қарзҳои берунии хориҷӣ соли 2020 аз худ кардани 228,14 млн., соли 2021 – 336,48 млн. ва соли 2022 – 365,31 млн. доллар маблағҳо ба нақша гирифта шудааст.

Мувофиқи барнома, соли равон аз худ кардани қарзҳо дар ҳаҷми 189,8 млн. доллар пешбинӣ шудааст.

Айни замон Барнома аз 60 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 31 созишномаи қарзӣ иборат аст, ки дар марҳилаи лоиҳасозӣ қарор доранд. Маблағи умумии қарзҳои азхудшуда тибқи ин Барнома то 1-уми январи соли равон 1 млн. 18 млн. долларро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки қарзгир дар ин ҳолат ҳукумат буда, баргардонидани қарз бар дӯши субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ вогузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки то 1-уми июли соли 2019 ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 894,56 млн. долларро ташкил додааст, ки ба 35,9%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.