Тасарруфи гӯшворҳои духтарони хурдсол дар Душанбе

Як марди 30-сола дар пойтахт духтарони хурдсолро ғорат карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад, аммо баъдан боздошт шуд. Бино ба иттилои ВКД, ин мард сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд буда, қаблан бо моддаҳои 104 (Одамкушӣ), 138 қисми 3 (Таҷовуз ба номуси духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик) ва 244 қисми 2 (Дуздӣ) Кодекси […]

Як марди 30-сола дар пойтахт духтарони хурдсолро ғорат карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад, аммо баъдан боздошт шуд.

Бино ба иттилои ВКД, ин мард сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд буда, қаблан бо моддаҳои 104 (Одамкушӣ), 138 қисми 3 (Таҷовуз ба номуси духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик) ва 244 қисми 2 (Дуздӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст. Вай ҳамчун гумонбар дар содир кардани ин ҷинояти ғоратгарӣ дастгир шудааст.

Ӯ рӯзи 5-уми апрел ҳангоми дар назди МТМУ №77, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, ба тариқи ошкоро аз гӯшҳои ду духтарчаи хурдсоли 3 ва 6-солаи сокинони кӯчаи мазкур гӯшворҳои тиллоиро, ки арзиши онҳо 2000 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.