Тоҷикистон созишномаи «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа»-ро тасдиқ мекунад

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 13-уми апрел дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маылиси Олии ҶТ тағйироту иловаҳо ба як қатор қонунҳо, ҳамчунин созишномаҳои қаблан имзошударо баррасӣ карданд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти МНМО ҶТ хабар доданд, дар ҷаласа аз ҷумла Созишномаҳои лоиҳавӣ байни ШСХК «Барқи тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва байни Бунёди миллии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 13-уми апрел дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маылиси Олии ҶТ тағйироту иловаҳо ба як қатор қонунҳо, ҳамчунин созишномаҳои қаблан имзошударо баррасӣ карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти МНМО ҶТ хабар доданд, дар ҷаласа аз ҷумла Созишномаҳои лоиҳавӣ байни ШСХК «Барқи тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» баррасӣ шуданд.

Дар назар аст, ки мувофиқи ин лоиҳаҳо Тоҷикистон барои беҳбуди иншооти зерсохтори ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ, ки дар канори хати интиқоли барқи CASA-1000 ҷойгир шудаанд, 26 млн доллар маблағ дастрас мекунад.

Тасдиқи лоиҳаҳои созишномаҳо лар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар дар назар аст.

Ғайр аз ин, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон тағйироту иловаҳо ба қонун "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ", ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, бобати тағйирот ба қонун “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода қайд кард, дар қонуни амалкунанда меъёрҳое вуҷуд доранд, ки онҳо тартиби муроҷиати электронии субъектҳои соҳибкориро барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба танзим медароранд.

“Вале таҷриба собит сохт, ки имконияти мазкур бинобар сабаби дар сатҳи зарурӣ ва пурра танзим наёфтани раванди электронӣ гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ кам истифода мешавад”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вакил, аз ин хотир, бо мақсади дақиқ кардани раванд ва васеъ намудани имконият ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҷиҳати тариқи электронӣ пешниҳод сохтани ариза ва гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар лоиҳа меъёрҳои зарурӣ мутобиқ ба Консепсияи ташаккули “Равзанаи ягона оид ба расмиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар ҶТ” пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.