Мурофиаи рӯзноманигор Далер Шарифов бо сабаби наомадани додситон ба таъхир афтод

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баррасии парванда нисбат ба рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифовро ба муҳлати ду рӯз мавқуф гузошт. Мурофиа бояд имрӯз баргузор мешуд, аммо ба 15-уми апрел гузаронида шуд. Имрӯз дар назди бинои додгоҳ рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва хешону наздикони Далер Шарифов ҷамъ омаданд. Аммо адвокати журналист Абдураҳмон Шарифов хабар дод, ки бинобар ҳузур надоштани прокурор […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баррасии парванда нисбат ба рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифовро ба муҳлати ду рӯз мавқуф гузошт. Мурофиа бояд имрӯз баргузор мешуд, аммо ба 15-уми апрел гузаронида шуд.

Имрӯз дар назди бинои додгоҳ рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва хешону наздикони Далер Шарифов ҷамъ омаданд. Аммо адвокати журналист Абдураҳмон Шарифов хабар дод, ки бинобар ҳузур надоштани прокурор мурофиа баргузор намешавад.

“Бо сабаби номаълум прокурор ҳузур надошт, аз ин рӯ, мурофиаро ба рӯзи 15-уми апрел, соати 10:00 мавқуф гузоштанд. Кушода ё пӯшида баргузор шудани мурофиа ҳоло ҳам маълум набуда, ин ба судя вобаста аст. Ба фикрам, дар ин парванда ҳея як сирри давлатӣ нест”, – қайд кард адвокат.

Ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик Ойниҳол Бобоназарова низ миёни ҷамъомадагон дар назди бинои суд ҳузур дошт.

“Мо ин ҷо аллакай 2-3 соат истодаем, лекин касе баромада нагуфт, ки мурофиа имрӯз баргузор намешавад. Ин беҳурматӣ нисбат ба мардум ва низоми судӣ аст. Низоми судӣ аз эҳтиром сар мешавад. Ман коршинос нестам, лекин ҳамчун ҳуқуқшинос ба шумо мегӯям, ки чанде аз мақолаҳои Далерро хонда, дар онҳо ҳеҷ гуна аломатҳои ҷиноятро надидам”, – гуфт ӯ ба “Азия-Плюс”.

Ёдрас мекунем, ки рӯзноманигор Далер Шарифов 28-уми январи соли равон боздошт ва 24-уми март нисбат ба ӯ бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ айбнома эълон шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.