Кормандони милитсияро пас аз маҳви нашъаҷаллоб ба карантин гирифтанд

Пас аз маҳви нашъаҷаллоб дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, 8 нафарро ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба карантин гирифтанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар карантин сардори ШВКД-и ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, 3 корманди шуъба ва 4 табиб қарор доранд. “Бо мақсади пешгирии сироят онҳоро дар беморхонаи ноҳия ба […]

Пас аз маҳви нашъаҷаллоб дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, 8 нафарро ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба карантин гирифтанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар карантин сардори ШВКД-и ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, 3 корманди шуъба ва 4 табиб қарор доранд.

“Бо мақсади пешгирии сироят онҳоро дар беморхонаи ноҳия ба карантин гирифтанд, чунки онҳо бо ҷасади нашъаҷаллоб ва чизҳои ӯ сарукор доштанд. Дар онҳо ягон аломатҳои сирояти коронавирус ошкор нашудааст. Тибқи маълумоти гуногун, дар Афғонистон беш аз 1,5 ҳазор ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст”, – иттилоъ дод манбаъ.

Бино ба маълумоти ВКД, амалиёти боздошти нашъаҷаллоб шаби 10-уми апрел сурат пазируфт. Дар ҷараёни он нашъаҷаллоб – шаҳрванди Афғонистон Ғазнӣ Мустафо валади Абдулкарим муқовимат нишон дода, кушта шуд. Дар ҷойи ҳодиса 16 кило маводи мухаддир дарёфт гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.