Боздошти 4 тоҷикистонии гумонбар ба терроризм дар Олмон

Чор нафар исломгароёнро аз Тоҷикистон имрӯз, 15 апрел дар маҳалҳои гуногуни Рейн-Вестфалии Шимолии Олмон боздошт карданд. Тавре нашрияи олмонии Zeit Online хабар медиҳад,  онҳо бо сарварии роҳбари эҳтимолии гурӯҳ Равшан Б. аз номи созмони террористии Давлати исломӣ” (ДОИШ) баргузории ҳамлаҳоро дар Олмон тарҳрезӣ карда будаанд. “Пешвои эҳтимолии гурӯҳ Равшан Б.-и 30-сола аз соли гузашта дар […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Чор нафар исломгароёнро аз Тоҷикистон имрӯз, 15 апрел дар маҳалҳои гуногуни Рейн-Вестфалии Шимолии Олмон боздошт карданд.

Тавре нашрияи олмонии Zeit Online хабар медиҳад,  онҳо бо сарварии роҳбари эҳтимолии гурӯҳ Равшан Б. аз номи созмони террористии Давлати исломӣ” (ДОИШ) баргузории ҳамлаҳоро дар Олмон тарҳрезӣ карда будаанд.

“Пешвои эҳтимолии гурӯҳ Равшан Б.-и 30-сола аз соли гузашта дар ҳабс қарор дошт. Тибқи маълумоти “Шпигел”, муфаттишони прокуратураи федералии Карлсруэ мутмаинанд, ки ин шахсон ба сафи ДОИШ шомиланд. Мутаносибан, онҳо моҳи январи соли 2019 бояд амали террористӣ анҷом медоданд. Онҳо бо шахсони воломақоми ДОИШ дар Сурия, инчунин дигар ташкилотҳои минтақавии террористӣ робита доштанд”, – менависад нашрия.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, гурӯҳи террористӣ нахуст ба Тоҷикистон рафтанӣ будааст, то ки дар он ҷо бо ҳукумат мубориза барад, вале ба ҷойи ин онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар Олмон ҳамлаҳо содир мекунанд.

“Ин гурӯҳ таҳти роҳбарии Равшан Б. нахуст ташкилотҳои амрикоиро дар Олмон ҳадафи имконпазири ҳамла қарор додаанд. Аъзои гурӯҳ дар интернет маводеро фармоиш додаанд, ки ба тайёр кардани дастгоҳи тарканда кумак мекунад. Дар ҷараёни рейдҳои гузашта мақомоти пулис силоҳи оташфишон мусодира карда буд, аз ҷумла яке аз онҳо аз худи Равшан Б. гирифта шуда буд”, – илова мекунад нашрия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.