Пардохти кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат аз 1 июл оғоз мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 14 майи соли равон механизми таъин ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоиро дар ҷумҳурӣ тасдиқ кард. Дар санад ба амалӣ сохтани таъину пардохти кумаки унвонӣ (суроғавӣ, таъинотӣ)-и иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоати ноҳияҳои зерин дастур дода мешавад: – дар вилояти Хатлон – ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Мир […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 14 майи соли равон механизми таъин ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоиро дар ҷумҳурӣ тасдиқ кард.

Дар санад ба амалӣ сохтани таъину пардохти кумаки унвонӣ (суроғавӣ, таъинотӣ)-и иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоати ноҳияҳои зерин дастур дода мешавад:

дар вилояти Хатлон – ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадони, Қубодиён, Хуросон, Ҷайҳун ва Абдураҳмони Ҷомӣ;

дар вилояти Суғд – ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Спитамен, шаҳрҳои Гулистон, Исфара ва Истиқлол;

дар Ноҳияҳои тобеи марказ – ноҳияи Варзоб, шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Турсунзода;

дар Душанбе – ҳамаи чор ноҳияи пойтахт. 

Ҳаҷми солонаи кумакпулӣ ба ҳар як оилаи камбизоат 464 сомонӣ (8 нишондиҳанда барои ҳисоб)-ро ташкил медиҳад. Кумакпулиҳо ҳар семоҳа ба маблағи 116 сомонӣ (ду нишондиҳанда барои ҳисоб) тариқи воҳидҳои БДА “Амонатбонк” пардохта мешаванд.

Кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандоне дода мешавад, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, аз ин ҳолат мустақилона баромада наметавонанд. Барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ шаҳрванд ё сардори оила ба унвони бахши ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ариза навишта, онро бо ду ҳуҷҷат – маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва маълумот дар бораи молу амволи аъзои оила ба кумитаи маҳал, ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи моликони манзили ҷойи иқомат месупорад.

Ба шаҳрвандони пиронсол, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор мегиранд, кумаки унвонии иҷтимоӣ ба таври истисноӣ таъин ва пардохт мешавад.

Ба оилаҳое, ки маъюбони гурӯҳи I ва II-ро таҳти сарпарастӣ доранд, инчунин ба волидони яккаву танҳо, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, зимни муайян кардани нишондиҳандаи умумии сатҳи зиндагии оила афзалият дода мешавад.

Хароҷоти пардохти кумакпулӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин мегардад.

Дар навбати худ Бонки ҷаҳонӣ барои кумаки яквақтаи молиявӣ ба наздики 50 ҳазор оилаи камбизоати Тоҷикистон бо кӯдакони хурдсол маблағ ҷудо карда, онҳо ба сифати ёрии таъҷилии иҷтимоӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ (ҳудуди 50 доллар) кумаки яквақтаина мегиранд.

Кумаки якдафъаинаи молиявиро оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони синни то 3-сола доранду дар давраи пандемияи коронавирус бештар осебпазир шудаанд, гирифта метавонанд.

Онро ҳукумат тақсим мекунад

Кумаки зикршудаи яквақтаинаи молиявиро оилаҳои дорои кӯдакони синни то 3-сола, ки дар Низоми ягонаи иттилоотии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун гирандагони кумаки иҷтимоӣ сабт шудаанд, гирифта метавонанд.

Оилаҳои камбизоат бо кӯдакони хурдсол (то 3-сола) дар 28 шаҳру навоҳии кишвар, ки дар онҳо механизми таъин ва пардохти кумаки суроғавии иҷтимоӣ аз 1 июли соли 2020 ҷорӣ мегардад, аз моҳи минбаъда кумаки яквақтаинаи пулиро дастрас карда метавонанд.

Чӣ пешниҳод кардан лозим аст?

Барои дастрас кардани кумаки яквақтаи иҷтимоии пулӣ сарвари оила, ки ба дараҷаи дар боло зикршуда муносиб меояд, бояд ба намояндагии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ дар маҳалҳо муроҷиат карда, бо худ чунин ҳуҷҷатҳоро дошта бошад:

– Ариза дар бораи таъини кумаки иҷтимоии суроғавӣ (таъинотӣ);

– Маълумотнома дар бораи даромад ва амволи оила;

– Маълумотнома дар бораи ҳайати оила;

– Нусхаҳои шиносномаҳои шаҳрвандии аъзои оила, шаҳодатномаҳои таваллуди кӯдакон, инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маъюбӣ (агар як ё якчанд аъзои оила маъюб бошанд).

Кумаки якдафъаинаи пулӣ ба маблағи 500 сомонӣ танҳо дар давраи эпидемияи COVID-19 ба оилаҳое дода мешавад, ки ба шартҳои дар боло зикршуда муносиб меоянд.

Кӣ пул медиҳад

Тавре қаблан зикр гардида буд, пардохти ин маблағҳо дар доираи “Лоиҳаи фавқулодаи мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон” (TEC-19) анҷом дода мешавад, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, ба дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар вокуниш ба хавфҳо барои солимӣ ва хавфҳои иҷтимоии марбут ба пандемияи глобалии COVID-19 равона шудааст.

Дар марҳилаи аввал 17000 оила дар 40 ноҳияи кишвар фаро гирифта мешаванд, ки айни замон ба низоми нави Кумаки иҷтимоии таъинотӣ дохиланд. Муддати 6 моҳи минбаъда ҳамагӣ наздики 50000 оилаи камбизоат ба ин кумакпулӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.