Сарбози фирорӣ даст ба дуздӣ зада, 2 сол зиндонӣ шуд

Сокини ноҳияи Лахш Алишер Хоҷаев моҳи ноябри соли 2018 ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда, барои адои хизмат ба қисми низомии 0123 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ сафарбар мегардад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, бо фармони фармондеҳи қисми низомии дар боло зикршуда ба Алишер Хоҷаев аз 19 то 29 […]

Сокини ноҳияи Лахш Алишер Хоҷаев моҳи ноябри соли 2018 ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда, барои адои хизмат ба қисми низомии 0123 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ сафарбар мегардад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, бо фармони фармондеҳи қисми низомии дар боло зикршуда ба Алишер Хоҷаев аз 19 то 29 июли соли гузашта рухсатӣ дода мешавад, лекин баъди анҷоми муҳлати рухсатӣ ӯ ба ҷойи хизмат барнамегардад.

“19 ноябри соли гузашта Хоҷаев зимни дар Душанбе буданаш ба интернет-қаҳвахона омада, то субҳи рӯзи дигар он ҷо мемонад. Вақти аз қаҳвахона рафтан ӯ телефони мобилии тамғаи Samsung Galaxy A-40 арзиша 2,2 ҳазор сомониро, ки ба мизоҷи дигар тааллуқ дошт, дуздида, худи ҳамон рӯз онро бо нархи 500 сомонӣ ба як сокини Душанбе мефурӯшад”, – қайд мешавад дар хабар.

Бо қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Алишер Хоҷаев ба дуюним соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.