Парвандаи таҷовуз ба номуси духтари 12-сола дар Ҳисор зери назорати Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода аз қазияи мазкур огоҳ буда, ҷараёни тафтиши парвандаро шахсан назорат мекунад. “Аз ҳодисаи дар Ҳисор рухдода огаҳ ва бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мудом дар робитаем”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи дафтари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон Аҳад Содиқов. “Волидон ва хешовандони ҷабрдида […]

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода аз қазияи мазкур огоҳ буда, ҷараёни тафтиши парвандаро шахсан назорат мекунад.

“Аз ҳодисаи дар Ҳисор рухдода огаҳ ва бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мудом дар робитаем”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи дафтари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон Аҳад Содиқов.

“Волидон ва хешовандони ҷабрдида ба мо муроҷиат накарда, аз ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳодиса хабардор шудем. Ба оилаи ҷабрдида хизматрасонии адвокат ва равоншиносро пешниҳод намудем, вале онҳо рад карда, гуфтанд, ки ҳамааш хуб буда, парванда тафтиш шуда истодааст. Ба Прокуратураи генералӣ нома навиштем, то ки парванда мунсифона тафтиш шавад. Ин парванда зери назорати шахсии Омбудсмен қарор дорад. Алҳол ба ҷараёни тафтиш халал расониданӣ нестем”, – қайд кард ӯ.

Ҳамчунин ба гуфтаи номбурда, дафтари кории Омбудсмен то ҳол бо волидон ё худи духтар дар тамос нашудаааст, чунки “ин кор хеле нозук аст”.

“Бо мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва комиссияи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҳисор ҳамеша дар тамосем. Пас аз нашри хабарҳо дар бораи ин ҳодиса, онҳо (ҳокимияти маҳаллӣ ва комиссияи ҳуқуқи кӯдакони Ҳисор) гурӯҳи иборат аз равоншиносону омӯзгорон ва табибонро таъсис дода, ба аёдати духтари ҷабрдида ва волидони ӯ рафтанд”, – изҳор дошт Содиқов.

Дар ҳамин ҳол, волидони духтари ҷабрдида ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки ҳеҷ касе назди онҳо наомадааст.

“Ҳеҷ касе назди мо омада, арзи моро нашунидааст. Умеди охирини мо – рӯзноманигорон ва президенти муҳтарам мебошанд”, – гуфт бибии духтари ҷабрдида Анор Зарипова.

Ёдрас мекунем, ки дар Ҳисор марди 42-сола ба номуси духтари 12-сола дастдарозӣ намуда, ӯ кӯдак таваллуд кард. Айни замон гумонбаршуда ба ҳабс гирифта шуда, парванда аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ҳисор тафтиш мешавад.

Ба гуфтаи духтари ҷабрдида, 9 августи соли 2019 хешашон (писари тағо) Ҳуснӣ Абдуллоев ӯро дар назди говхона бо зарба беҳуш карда, ба номусаш дастдарозӣ ва таҳдид кардааст, ки агар ба касе ин корро гӯяд, мекушад. Ин амал минбаъд маҷбурӣ чандин маротиба такрор шудааст.

Чанде пеш журналистони “Азия-Плюс” ба Ҳисор рафта, бо худи духтари ҷабрдида ва волидону хешовандони ӯ суҳбат карданд. Маводи муфассал дар бораи суҳбати онҳо дар маводи зерини мо қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.