Чӣ гуна метавон аз Русия ба Тоҷикистон парвоз кард? Қисми 2

Пас аз нашри маводи мо дар бораи хатсайрҳои чартерии баровардани ҳамватанон аз Русия, бисёре аз корбарон вобаста ба ин масъала саволҳои иловагӣ ирсол намуданд. Бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия ба саволҳои иловагии корбарон ҷавобҳо омода кардем. Ҳеҷ гуна мушкилие надорам ва ба ватан баргаштан мехоҳам, оё ин имконпазир аст? Бале! Пас аз ба ватан […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Пас аз нашри маводи мо дар бораи хатсайрҳои чартерии баровардани ҳамватанон аз Русия, бисёре аз корбарон вобаста ба ин масъала саволҳои иловагӣ ирсол намуданд.

Бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия ба саволҳои иловагии корбарон ҷавобҳо омода кардем.

Ҳеҷ гуна мушкилие надорам ва ба ватан баргаштан мехоҳам, оё ин имконпазир аст?

Бале! Пас аз ба ватан бурдани шаҳрвандон аз гурӯҳи афзалиятнок сафорат ба таҳияи рӯйхати дигар шаҳрвандоне, ки ҳеҷ мушкилие надоранд, оғоз кард. Барои номнавис шудан ба парвозҳои чартерӣ ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия дархост пешниҳод кардан зарур аст.

Пас аз пешниҳоди дархост Шумо ба рӯйхати навбатдорон дохил шуда, вақте навбататон расид, кормандони сафорат бо шумо дар робита мешаванд. Айни замон сафорат ба баррасии дархостҳое оғоз кард, ки шаҳрвандон рӯзи 25 июни соли ҷорӣ пешниҳод карда буданд.

Чӣ гуна метавонам таъҷилӣ ба ватан равам, он ҷо мушкил пайдо шуд?

Агар Шумо мушкилие дошта бошеду таъҷилан ба ватан рафтанатон лозим аст, метавонед ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат намуда, сабабҳои мушкилатонро шарҳ диҳед.

Агар кадоме аз хешовандону наздиконатон бемор шуда бошад, метавонед нусхаи маълумотномаи тиббӣ ё дигар ҳуҷҷтаҳои вобаста ба онро пешниҳод намоед.

Агар душаҳрвандӣ дошта бошам, ба Тоҷикистон баргашта метавонам?

Бале! Лекин бояд бо худ шиносномаи хориҷии тоҷикӣ дошта бошед. Агар шиносномаи тоҷикӣ надошта бошед, дар Консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия дар бораи бозгашт ба ватан маълумотнома гирифта метавонед.

Бо шиносномаи русиягӣ ба Тоҷикистон ворид шуда наметавонед.

Дар Русия бемори коронавирус шудам, ба ватан баргашта метавонам?

Бале! Агар шумо коронавирусро паси сар кардаву муолиҷа гирифта, комилан шифо ёфта бошед, барои бозгаштатон ба ватан ҳеҷ монеае вуҷуд надорад.

Пас аз бозгашт ба ватан бо хатсайри чартерӣ боз ба Русия баргашта метавонам?

Бале! Агар шумо қоидаҳои будбош дар Русияро вайрон накарда бошеду кормандони фурудгоҳ Шуморо дар бораи хориҷ кардан огоҳ накарда бошанд, пас аз боз шудани сарҳад ба Русия баргашта метавонед.

Хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни Тоҷикистону Русия кай барқарор мешаванд?

Санаи дақиқи барқарор шудани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия алҳол номаълум аст. Ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад. Лекин яқин аст, ки баъди ба эътидол омадани вазъи вобаста ба коронавирус.

Чаро билетҳо ба хатсайрҳои чартерӣ ин қадр қиматанд?

Арзиши билетҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоӣ бо назардошти парвоз муайян карда мешавад. Сафорат ба нархгузории билетҳо ягон муносибат надорад.

Сафорат танҳо рӯйхат тартиб дода, ширкатҳо мувофиқи ин рӯйхат билет мефурӯшанд.

Чӣ гуна ба Русия баргашта метавонам?

Агар шаҳрвандии Русия надошта бошед, то боз шудани сарҳадҳо ба ҳеҷ гунае ба Русия баргашта наметавонед. Агар шаҳрвандии Русия дошта бошед, дар портали хадамоти давлатӣ дар бораи бозгашт ба Русия худро ба қайд гузошта метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.