Даҳҳо куштаву садҳо захмӣ аз таркиш дар бандари Бейрут

Дар натиҷаи як таркиши бузург дар шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон садҳо нафар осеб диданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, садои таркиш садҳо километр дур, дар Қибрис шунида шуда, шаҳрдори Бейрут онро ба таркиши ҳастаӣ монанд кард. Таркиш дар қисмати бандари Бейрут ба амал омадааст. Беморхонаҳои шаҳр "лабрез" аз осебдидаҳо шуда, вазири тандурустии Лубнон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар натиҷаи як таркиши бузург дар шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон садҳо нафар осеб диданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, садои таркиш садҳо километр дур, дар Қибрис шунида шуда, шаҳрдори Бейрут онро ба таркиши ҳастаӣ монанд кард.

Таркиш дар қисмати бандари Бейрут ба амал омадааст. Беморхонаҳои шаҳр "лабрез" аз осебдидаҳо шуда, вазири тандурустии Лубнон Ҳамад Ҳасан гуфт, сухан аз садҳо захмӣ меравад.

Бино ба иттилои расмӣ, даҳҳо одам ҷон бохтаанд. Нахуст дар бораи 25 ва сипас 50 кушта хабар дода шуд. Вале эҳтимоли афзоиши шумори кушташудаҳо вуҷуд дорад.

Ба иттилои хабаргузории Agence France-Presse, сарвазири Лубнон Ҳасан Диоб аллакай 5 августро рӯзи мотами миллӣ эълом кард.

Таркиш дар анбори аслиҳаи мусодирашуда ба амал омадааст. Хабарҳое нашр шуд, ки гӯиё таркиш дар анбори аслиҳаи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон сурат гирифтааст. Вале ин фарзия дертар рад шуд.

Як манбаъ дар хадамоти махсуси Исроил, ки "Ҳизбуллоҳ"-ро террористӣ эълом кардааст, гуфт, ҳеч зарбаеро ба Бейрут анҷом надодаанд. Вазири умури хориҷии Исроил Габӣ Ашкеназӣ низ айни суханҳоро ба телевизиони N12 гуфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.