Рамзи ҷашни 700-солагии Камоли Хуҷандӣ тасдиқ шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандиро интихоб кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандиро интихоб кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Рамзи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ доирашакл буда, гирдогирди рамзро се хат – сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд, – омадааст дар хабар. – Дар гирди рамз бо забони тоҷикӣ «Камоли Хуҷандӣ» навишта шуда, дар поёни он «700» бо рақам нишон дода шудааст. Инчунин дар поёни акс рамзи шараф низ ҷой гирифтааст”.

Гуфта мешавад, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд ба сифати намуна аз рамзи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, ки дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.president.tj) ҷойгир шудааст, васеъ истифода намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.