Оксфам мактабу муассисаҳоро дар муқовимат бо COVID-19 дастгирӣ мекунад

Азбаски пандемия ба барномаҳои Оксфам дар Тоҷикистон таъсир расонид, ташкилот рисолати башардӯстонаи худро барои дастгирии кишвар дар мубориза бо COVID 19 идома медиҳад. Фаъолият дар доираи Барномаи Об ва Беҳдошти Оксфам аз моҳи июли соли 2020 амалӣ мегардад, ки аввал дар водии Зарафшон оғоз ёфта буд ва айни замон дар шарқи вилояти Хатлон ва ноҳияи […]

Азбаски пандемия ба барномаҳои Оксфам дар Тоҷикистон таъсир расонид, ташкилот рисолати башардӯстонаи худро барои дастгирии кишвар дар мубориза бо COVID 19 идома медиҳад.

Фаъолият дар доираи Барномаи Об ва Беҳдошти Оксфам аз моҳи июли соли 2020 амалӣ мегардад, ки аввал дар водии Зарафшон оғоз ёфта буд ва айни замон дар шарқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ идома меёбад.

Маъракаи вокуниши зидди COVID -19 дар шарқи вилояти Хатлон ва дар ноҳияи Рӯдакӣ, 9 деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ, 9 деҳаи ноҳияи Мӯъминобод ва 2 деҳаи шаҳри Кӯлобро фаро мегирад.  Ин аз 20 мактаб ва 16 бунгоҳи тиббӣ иборат мебошад, ки тақрибан 18 000 мактаббачагон,  1 321 омӯзгорон ва 1 027 корманди тиббиро дар бар мегиранд. Ғайр аз ин, ин муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ бо зарфҳои барои нигоҳдории оби нӯшокӣ ва дастшӯйҳо таъмин шуда, ҳочатхонаҳояшон таъмир мешаванд.

Ҷадвали I: Маҷмӯи маводи гигиенӣ (ММГ) барои муассисаҳои таълимӣ

Тасвир

Шумора

Филтр барои об

20

Зарф барои об  (пластикӣ, 30 л)

20

Собун барои мақсадҳои гуногун (100 гр)

400

Дастпӯшакҳои яккарата

2000

Ниқобҳои тиббӣ (сеқабата+фиксатор)

6000

Чӯтка барои шустушӯй

100

Собуни моеъ, барои дастшуӣ  (400 гр)

200

Сатили оҳанин, 10 л

40

Хлор, гипохлориди калтсий (65%)

200

Ҳароратсанҷи клиникӣ

60

Ҳароратсанҷи инфрасурх

20

Маҳлули безараргардонӣ (400 гр)

100

Нимкосаи пластикӣ

40

 

Ҷадвал II: ММГ барои тамоми иншоотҳои тиббӣ

Тасвир

Шумора

Филтр барои об

20

Зарф барои об (пластикӣ, 30 л)

20

Дастшӯяк, калон (пластикӣ)

47

Дастшӯяк, миёна (пластикӣ)

47

Собун барои мақсадҳои гуногун (100 гр)

400

Собун, либосшӯйӣ (200 гр)

400

Бинт, дока (1м x 1м)

1000

Дастпӯшакҳои яккарата

6000

Ниқобҳои тиббӣ (сеқабата+фиксатор)

6000

Мӯзаҳои резинӣ

100

Чӯтка барои шустушӯй

100

Собуни моеъ, барои дастшуӣ  (400 гр)

200

Сатили оҳанин, 10 л

40

Хлор, гипохлориди калтсий (65%)

200

Ҳароратсанҷи клиникӣ

60

Ҳароратсанҷи инфрасурх

20

Халати тиббӣ (ҳамчунин айнак)

100

Маҳлули безараргардонӣ (400 гр)

40

Нимкосаи пластикӣ

40

 

 

Маъракаи вокуниши зидди COVID-19, бо пешниҳоди дарсҳо оид ба саломатӣ ва гигиена дар муассисаҳои таълимӣ, бо истифода аз асбобҳои аёнӣ дастгирӣ гардида, кӯдаконро барои риояи тамоми чораҳои эҳтиётӣ, аз ҷумла риояи фосилаи ҷисмонӣ ва чораҳои вокуниш дар соҳаи тандурустии ҷомеа ҳавасманд менамояд. Мутахассисони соҳаи тандурустии Оксфам бо маъмурияти мактабҳо ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳамкорӣ намуда, чораҳоеро ба нақша мегиранд, ки бехатарии кӯдакон, омӯзгорон ва дигар кормандонро, ҳангоми дар мактабҳо қарор доштан ва ё ҳангоми ташриф ба марказҳои саломатӣ, таъмин менамоянд.

“Бо дастрасии маводҳои безараргардонӣ, зарфҳои об ва ҳоҷҷатхонаҳои боз ҳам бехатар, фикр менамоям, ки хонандагон дар мактаб бештар муҳофизат карда мешаванд. Чун волидайн онҳоро ба мо бовар карда супурдаанд ва мо бояд якҷоягӣ ба нестшавии COVID-19 мубориза барем”, – мегӯяд Қосимова Мавҷуда, директори мактаби № 85 дар деҳаи Оли Сомон, ноҳияи Рӯдакӣ.

Маъракаи вокуниши зидди COVID-19 аз ҷониби Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон дар доираи “Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон” (ТоҷВСС, Марҳилаи 3, 2018-2022) маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби Оксфам дар ҳамкорӣ бо БРСММ амалӣ мегардад. Лоиҳа хизматрасониҳои тоза, боэътимод ва устувори об ва беҳдоштро дар деҳот ва сиёсати Тоҷикистонро таблиғ мекунад ва маърифатнокиро оид ба беҳдошт барои тағйир додани рафтор дастгирӣ мекунад.

Шарҳи мухтасари бахшҳои вокуниши Оксфам зидди COVID-19-и глобалӣ:

Оксфам ниёзҳои 51 кишварро дар об, беҳдошт ва гигиена қонеъ менамояд.

Оксфам дар 39 кишвар ба  ноамнии озуқаворӣ ва ниёзҳои некӯаҳволӣ вокуниш менамояд.

Дар 23 кишвар мо ҳифзи иҷтимоиро тавассути корбарии бевосита бо шахсони осебпазир ё таъсир расонидан ба ҳукуматҳо пеш мебарем.

Оксфам дар 25 кишвар бо ҷомеаҳо барои назорат кардани таҳдидҳои муҳофизат ва вокуниш ба ниёзҳои мушаххас ҳамкорӣ мекунад.

Гарчанде ки тамоми кори мо ҷанбаҳои гендериро ба назар мегирад, Оксфам чораҳои мушаххаси таъсиррасонӣ ва ё барномаҳоро оид ба ҳалли ниёзҳои гендерӣ дар 43 кишвар дастгирӣ менамояд.

Дар 34 кишвар, Оксфам дар самти пешбурди имкониятҳои роҳбарии башардӯстонаи маҳаллӣ фаъолият менамояд.

Барои маълумоти муфассал, лутфан ба Гулчеҳра Бобоева, муовини менеҷери барномаи ТОБГ, Оксфам ба суроғаи: [email protected] муроҷиат намоед.

Оксфам дар Тоҷикистон: Оксфам дар самти таъмини дастрасии баробар ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошт фаъолият мекунад, рушди одилонаи иқтисодиро пеш бурда, дастгирӣ менамояд ва масъалаҳои гендериро ҳал мекунад. Идоракунии самарабахш, мутобиқсозӣ ба тағирёбии иқлим ва омодагии аҳолӣ ба офатҳои табиӣ мавзӯъҳои алоқамандро дар барномаҳои Оксфам ташкил медиҳанд. Оксфам инчунин дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ фаъолият мекунад ва бо як қатор ташкилотҳо ва муассисаҳои маҳаллӣ, ки дар самти баланд бардоштани иқтидори ҳукуматҳои маҳаллӣ ва фаъолони ғайриҳукуматӣ машғул мебошанд, ҳамкорӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.