МегаФон Тоҷикистон викторинаи “Муҳорибаи зеҳнҳо-ро оғоз менамояд!

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва ҶДММ “Тавассути Мобил портали навро барои дӯстдорони бозиҳои зеҳнӣ роҳандозӣ намуданд. Викторинаи "Битва умов (Муҳорибаи зеҳнҳо)", ки дар сомонаи  win.megafon.tj ҷойгир шудааст,  барои иштирок  дар мусобиқаи фозилон ва ҳатто бурд кардани воситаҳои  пулӣ имконият медиҳад.  Туҳфаи  калонтарин барои беҳтарин ҳозирҷавоби моҳ –  2000 сомонӣ аст. Ба викторинаи «Битва умов» бо арзиши […]

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва ҶДММ “Тавассути Мобил портали навро барои дӯстдорони бозиҳои зеҳнӣ роҳандозӣ намуданд. Викторинаи "Битва умов (Муҳорибаи зеҳнҳо)", ки дар сомонаи  win.megafon.tj ҷойгир шудааст,  барои иштирок  дар мусобиқаи фозилон ва ҳатто бурд кардани воситаҳои  пулӣ имконият медиҳад.  Туҳфаи  калонтарин барои беҳтарин ҳозирҷавоби моҳ –  2000 сомонӣ аст. Ба викторинаи «Битва умов» бо арзиши 0,90 сомонӣ дар як  шабонарӯз  ворид шудан мумкин аст.        

Викторинаи «Битва умов» беш аз 5000 саволро дар бораи табиат, варзиш, санъат, техника ва ғайра дар бар мегирад. Дар баробари  посух додан ба саволҳо, иштирокчӣ метавонад дониши худро бисанҷад  ё муштарии дигари МегаФонро ба мусобиқаи зеҳнӣ даъват кунад.

Ҳар мусобиқа  аз се савол дар мавзӯъҳои гуногун иборат аст. Ҳар ду иштирокчиён тавассути СМС як савол мегиранд. Вазифа иборат аз он аст, ки вариантҳои  ҷавобҳоро дуруст ва зуд интихоб карда, рақамҳои тартибии онҳоро фиристед. Рақиби тасодуфиро ба мусобиқа  даъват кардан мумкин аст. Барои ин ба рақами кӯтоҳи 6400 SMS бо матни "1" фиристодан лозим меояд.  Агар хоҳед, ки қувваи худро бо шахси наздикатон бисанҷед, танҳо дар паёмаки SMS тахаллуси  ӯро нишон диҳед. Ва барои занг задан ба нафаре, ки мусобиқаи  охирин бо ӯ буд, бояд "0" -ро ирсол намоед. Муштарии даъватшаванда метавонад узви хизматрасонӣ бошад ё набошад. Мусобиқаи зеҳнӣ танҳо бо розигии ӯ, ки бо калимаи "Ҳа" дар СМС-и ҷавобӣ ифода ёфтааст, на дертар аз 10 дақиқа пас аз қабули даъват оғоз мегардад.

Викторина барои бурди маблағҳои пулӣ аз рӯи натиҷаҳои рӯз, ҳафта ва моҳ  имконият медиҳад.   Ғолиби рӯзи бозӣ соҳиби туҳфа ба андозаи  100 сомонӣ  мегардад ва ҳангоми мағлуб кардани  бозингаре, ки ҷои аввалро ишғол карда буд,  боз 80 сомони дигар мегирад.  Агар «ғолиби рӯз» мақоми пешсафро нигоҳ дорад,  ба  ӯ боз 40 сомонӣ дода мешавад.   Тӯҳфа аз рӯи натиҷаи  ҳафта –  400 сомониро  ташкил медиҳад, ки онро панҷ иштирокчии  беҳтарин тақсим мекунанд (вобаста ба ҷой барои ҳар яке аз 50 то 150 сом). Ва беҳтарин ҳозирҷавоби моҳ  2000 сомонӣ хоҳад гирифт. Ҳамаи  бурдҳо фавран ба ҳисоби  телефони  ғолиб  ворид  карда мешаванд

«Бештари  муштариёни мо аз хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ барои омӯхтани  дониш истифода мебаранд. Чунончи, интернети мобилӣ барои таҳсили фосилавӣ дар донишгоҳҳо мусоидат мекунад. Акнун мо истироҳати зеҳниеро пешниҳод менамоем, ки он  на танҳо барои омӯхтани  ягон  чизи нав, балки аз ҳисоби дониши худ ба даст овардани туҳфаи пулӣ, имконият медиҳад.   Ҳатто бурд аз рӯи натиҷаи рӯз метавонад   иловаи хубе ба буҷаи оила бошад», – мегӯяд Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон»  Ҷамшед Бобоалиев.   

Барои фаъол кардани хизматрасонии  «Битва умов»  рақамчинии дархости  * 6400 #   ё ирсол кардани SMS   ба рақами кӯтоҳи 6400 лозим меояд.  Шумо инчунин метавонед тавассути сомонаи  win.megafon.tj, дар маркази хизматрасонии муштариён ё  ҳангоми муроҷиат ба  маркази тамоси ширкати «МегаФон Тоҷикистон»  хизматрасониро пайваст намоед.  

Маълумоти  муфассалтар оид ба  викторинаи  «Битва умов» – дар сомонаи: win.megafon.tj   дида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.