Ҳукми 20 соли зиндон ба корманди мақомоти гумруки пойтахт

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар фаъолияти нозир-хазиначии шӯъбаи молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Сомон Нуъмонзода яқ қатор амалҳои ғайриқонуниро ошкор намуд. Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш маълум шудааст, ки Нуъмонзода ба як қатор ҷиноятҳои марбут ба ғайриқонунӣ азхудкунии маблағ, қочоқ ва сохтакории хизматӣ даст задааст. “Аз ҷумла, ӯ ба соҳибкори пойтахт А.Ҳайдаров ва декларант […]

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар фаъолияти нозир-хазиначии шӯъбаи молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Сомон Нуъмонзода яқ қатор амалҳои ғайриқонуниро ошкор намуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш маълум шудааст, ки Нуъмонзода ба як қатор ҷиноятҳои марбут ба ғайриқонунӣ азхудкунии маблағ, қочоқ ва сохтакории хизматӣ даст задааст.

“Аз ҷумла, ӯ ба соҳибкори пойтахт А.Ҳайдаров ва декларант Ш.Сафаров ба воситаи тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохта ҷиҳати ба Тоҷикистон ворид намудани миқдори зиёди молу маҳсулот аз Чин “кумак кардааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ.

Гуфта мешавад, бо ин амалҳои ғайриқонунӣ ӯ дар ҳаҷми зиёда аз 12,3 млн сомонӣ ба давлат зарар расонидааст.

Бо қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ 10 сентябр Сомон Нуъмонзода ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.

Зикр мегардад, ки аз ҳисоби судшаванда Сомон Нуъмонзода маблағи зарари расонидашуда ба фоидаи давлат рӯёнида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.