Чанд вақт мо рекламаро дар хотир нигоҳ медорем?

Оё шумо таблиғро тамошо карда, фаромӯш кардед? Фикр мекунем, ин тавр нест! Мутахассисони Институти тадқиқотии иттилоотӣ ва коммуникатсионии IRSIC (Марсел) таъсири таблиғотро ба мағзи мо омӯхта, муайян карданд, ки онро дар хотираи худ 3 моҳ нигоҳ медорем. Онҳо дар 400 ихтиёриён санҷиш гузаронданд. Аз ихтиёрон талаб карда мешуд, ки интернетро мувофиқи хости худ истифода баранд. […]

"Се нуқта"

Оё шумо таблиғро тамошо карда, фаромӯш кардед? Фикр мекунем, ин тавр нест! Мутахассисони Институти тадқиқотии иттилоотӣ ва коммуникатсионии IRSIC (Марсел) таъсири таблиғотро ба мағзи мо омӯхта, муайян карданд, ки онро дар хотираи худ 3 моҳ нигоҳ медорем.

Онҳо дар 400 ихтиёриён санҷиш гузаронданд. Аз ихтиёрон талаб карда мешуд, ки интернетро мувофиқи хости худ истифода баранд. Ҳангоми истифодаи интернет, ба онҳо гоҳ-гоҳ баннерҳои гуногуни таблиғотӣ мефиристоданд, аксҳои дурахшоне, ки дар паҳлӯ, боло, поён пайдо мешуданд.

Бешубҳа, шумо низ бо ин намуди таблиғот ошно ҳастед. Мо ба онҳо аҳамият намедиҳем ва ба назарамон чунин менамояд, ки ба мо ҳеҷ таъсире надоранд.

Аммо, тавре тадқиқот нишон дод, на ҳама чиз чунин содда аст. Ихтиёрон низ ба дурахшидани баннерҳои рекламавӣ аҳамият надоданд ва натавонистанд бигӯянд, ки баннери таблиғи кадом маҳсулотро диданд. Аммо пас аз 7 рӯз ва 3 моҳ аз корбарон пурсиданд, муайян кунанд ва бигӯянд, оё мехоҳанд ин маҳсулотро бихаранд, онҳо зиёд фикр намекарданд. Аксарият омода буданд, ки бо хушнудӣ маҳсулоти шиносро бихаранд, вале гуфта наметавонистанд, ки онро дар куҷо дидаанд.
"Косметика, телефонҳо, тӯҳфаҳо, мошинҳо, “тугмачаро зер кунед, то ҳамаашро бубинед” ва монанди инҳо – ҳама ба мағзи мо ворид мешаванд ва моҳҳо дар он мемонанд" мегӯяд, Дидйе Курбет, роҳбари гурӯҳи тадқиқотӣ, ки таъсири таблиғотро дар равони мо меомӯзад.

Чӣ кор бояд кард?

Ҳамкорони Дидйе Курбет, ки ин омӯзишро бо ӯ гузаронидаанд, мутмаинанд, ки агар шахс иттилоотро дарк намояд, пас метавонад ба таъсирии манфии таблиғ муқобилият кунад. Ҳамеша муҳим аст, ки мағзро дар ҳолати корӣ нигоҳ доред, чизҳои навро омӯзед ва тафаккури интиқодиро рушд диҳед.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.