Форуми бузурги тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

Дар кори ҳамоиши тиҷоратӣ, ки рӯзи 29 сентябр дар Душанбе доир мегардад, аз иштироки зиёда аз 700 нафар намояндагони доираҳои соҳибкориву тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон интизорӣ меравад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон. Тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили амалсиозии лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои саноату савдо ва сайёҳӣ баррасӣ мекунанд. Соли гузашта […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар кори ҳамоиши тиҷоратӣ, ки рӯзи 29 сентябр дар Душанбе доир мегардад, аз иштироки зиёда аз 700 нафар намояндагони доираҳои соҳибкориву тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон интизорӣ меравад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон.

Тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили амалсиозии лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои саноату савдо ва сайёҳӣ баррасӣ мекунанд.

Соли гузашта аз рӯйи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе 16 санад ба имзо расид, ки дар онҳо созишномаҳо оид ба воридоту содироти дуҷонибаи молу маҳсулот ба миллионҳо маблағ пешбинӣ гардида буд.

Манбаъ изҳори итминон кард, ки аз рӯйи натиҷаҳои форуми кунунӣ низ қарордодҳои бисёрмиллионӣ ба имзо мерасанд.

Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бинои Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 28-29 сентябр баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон қариб 3,6 баробар афзуд: аз 13 млн доллар аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 то ба 362 млн доллар дар соли 2019.

Лекин пандемияи коронавирус ба коҳиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо боис гардид.

Дар муқоиса бо 7 моҳи соли 2019 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-июли соли равон 11,3% кам шуд. Ҳаҷми умумии муомилоти мол байни кишварҳо дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ 148,4 млн долларро ташкил дод.

Дар ин давра Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба маблағи андаке бештар аз 35,1 млн доллар молу маҳсулот фиристода, ҳаҷми воридоти молу маҳсулот аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон ба 113,3 млн доллар баробар аст.

Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, маъдан, семент, пӯсти коркарднашуда, пилла, абрешими хом, матоъи гуногун, нӯшокиҳои машруботӣ, қолин ва дигар маҳсулот мефурӯшад.

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузоти ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ содирот мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.