Сухангӯйи ҲХДТ: Дидорҳои президент бо мардум 100% мулоқотҳои пешазинтихоботиянд

Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили ҲХДТ мегӯяд, ки сафару мулоқоти президенти Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳоро мешавад бо эътимод дидорҳои пешазинтихоботӣ унвон кард. Наимов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки “ин мулоқотҳо на танҳо 100, балки 200% мулоқотҳои пешазинтихоботиянд. Ин сафарҳо, ҳамагӣ ҷамъбасти барномаи пешниҳодкардаи номзад дар соли 2013 ва муаррифии барномаи нав то […]

Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили ҲХДТ мегӯяд, ки сафару мулоқоти президенти Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳоро мешавад бо эътимод дидорҳои пешазинтихоботӣ унвон кард.

Наимов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки “ин мулоқотҳо на танҳо 100, балки 200% мулоқотҳои пешазинтихоботиянд. Ин сафарҳо, ҳамагӣ ҷамъбасти барномаи пешниҳодкардаи номзад дар соли 2013 ва муаррифии барномаи нав то 2021 мебошад”. Ин масъули ҲХДТ ба суоли ин ки оё дар ин мулоқот барномаи ҳизб муаррифӣ мешавад, посух дод, ки “ин қадар иншооту сохтмону пешравие, ки шуда истодааст, ҳамааш дар асоси ҳамун барномаи соли 2013 аст”.

Ба гуфти Маҳмадулло Наимов, дар корзорҳои интихоботӣ 15 шахси боэътимоди номзади ҳизбашон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо дигар номзадҳои ҳизбҳои дигар барномаву номзади ҳизбро муаррифӣ мекунанд.

Ин масъули таблиғоти ҲХДТ ҳамчунин мегӯяд, ки ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” ва “Пайравони Пешвои миллат” ва Шӯрои куҳансолони ҳизби онҳо низ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҷудогона корзори таблиғотии ҳизб ва номзади онро пеш мебаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.