Нозирони ИДМ ба мониторинги маъракаи интихоботӣ оғоз карданд

Бо даъвати Тоҷикистон Ҳайати нозирон аз ИДМ дар интихоботи президенти ҷумҳурӣ ва Ситоди он 21 сентябр ба мониторинги маъракаи интихоботӣ шурӯъ карданд. Бино ба иттилои хадаомти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар чаҳорчӯби пайгирии интихоботи президентӣ нозирони дарозмуҳлат аз ИДМ бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дидору гуфтушунид карданд. Раиси КМИР […]

Бо даъвати Тоҷикистон Ҳайати нозирон аз ИДМ дар интихоботи президенти ҷумҳурӣ ва Ситоди он 21 сентябр ба мониторинги маъракаи интихоботӣ шурӯъ карданд.

Бино ба иттилои хадаомти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар чаҳорчӯби пайгирии интихоботи президентӣ нозирони дарозмуҳлат аз ИДМ бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дидору гуфтушунид карданд.

Раиси КМИР ба ҳайати нозирон дар бораи ҷараёни маъракаи интихоботӣ, фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ дар ҳама сатҳҳо оид ба омодагӣ ба интихобот маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки барои интихобкунандагон беш аз 20 тавсияву дастурамали методӣ ва китобчаҳо таҳия шуда, омодакунии коршиносоне, ки бо аъзои комиссияҳои қитъавии интихоботӣ машғулиятҳои омӯзишӣ мегузаронанд, ба анҷом расидааст ва оид ба шарҳу тавзеҳи қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ байни аҳолӣ кор бурда мешавад.

Нозирон аз ИДМ дар навбати худ бобати усули фаъолияти Ҳайат ва ташкили кори он маълумот доданд. Таъкид шуд, ки кори Ҳайат ба санадҳои аз ҷониби Иттиҳод қабулшуда дар бораи тартиби амалисозии назорат ба интихобот асос меёбад. Дар ҳамин ҳол, нозирон чунин мешуморанд, ки интихобот кори дохилии давлат буда, вазифаи Ҳайат аз мусоидат ба ташкилкунандагони чорабинӣ дар баргузории маъракаи интихобот мутобиқи қонунгузории миллӣ иборат аст.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад. КМИР ҶТ 5 номзадро расман ба қайд гирифт: аз Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократӣ Эмомалӣ Раҳмон; аз Ҳизби аграрӣ – Рустам Латифзода; аз Ҳизби сотсиалистӣ – Абдуҳалим Ғаффорзода; аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – Рустам Раҳматзода ва аз Ҳизби коммунист – Мироҷ Абдуллоев номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.