Даргузашти кимиёшиноси маъруфи тоҷик Лутфулло Солиев

Профессори маъруфи тоҷик, кимиёшиноси варзида, дорнадаи ҷоизаи махсуси президент дар соҳаи илм Луфтфулло Солиев аз олам даргузашт. Бино ба иттилои сомонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шӯъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (ТО МАН ВШ) (2009), олими намоён, профессори […]

Профессори маъруфи тоҷик, кимиёшиноси варзида, дорнадаи ҷоизаи махсуси президент дар соҳаи илм Луфтфулло Солиев аз олам даргузашт.

Бино ба иттилои сомонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шӯъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (ТО МАН ВШ) (2009), олими намоён, профессори барҷастаи соҳаи химияи тоҷик, корманди шоистаи Тоҷикистон, ҷоизадори ҷоизаи махсуси Президенти ҶТ  дар соҳаи илм, профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Лутфулло Солиев дар синни мубораки 79-солагӣ ин дунёро падруд гуфт.

Солиев Лутфулло 15-уми марти соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ ( собиқ Ленин) таваллуд шудааст. Солҳои 1959–1964 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970–1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбари институти мазкур, 1989–1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997–1998 декани факултети химия, 1998–2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд. Аз моҳи феврали соли 2007 то соли 2015 мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, аз 31-уми декабри соли 2015 то охири умр профессори кафедраи номбурда буд.

Ӯ яке аз муаллифони ҷараёни нави илмӣ дар химия- муайян намудани мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёртаркибаи обӣ-намакӣ, назария ва амалияи химияи ғайриорганикӣ тадқиқоти илмӣ бурдааст. Лутфулло Солиев ҳамчун профессори номвари кишвар, муаллифи зиёда аз 540 мақолаҳои илмӣ, аз он ҷумла 3 монография, 5 китоби дарсӣ, 16 дастури таълимӣ, 13 ихтироот мебошад. Дар конференсияҳои илмӣ ва илмию методии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст.

Ҳамаи ин дастовардҳои илмӣ ва саҳми профессор Лутфулло Солиевро дар тайёр намудани мутахассисони илмӣ-омӯзгорӣ ба эътибор гирифта, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000 бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», соли 2002 бо унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, инчунин бо медали “1500-солагии шаҳри Киев” (1983) ва “Ихтироъкори СССР” (1988) сарфароз гардидааст.

Солиев Лутфулло соли равон бо “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф” ва аз ҷониби Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия бо ҷоизаи “Асосгузори мактаби илмӣ” қадр карда шудааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.