Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кард

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта 75-солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта мешавад. Ҷашн бо вохӯрии ҳамасолаи сарони кишварҳо оғоз гардид. Лекин бо сабаби пандемия чорабинӣ бештар бо шакли виртуалӣ ҷараён дорад. Дар толори бузурги Маҷмаи Умумӣ аз ҳар як кишвар як намоянда ҳузур дорад, то ки масофагирии иҷтимоӣ риоя шавад. Сарони кишварҳо тариқи алоқаи видеоӣ […]

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта 75-солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта мешавад. Ҷашн бо вохӯрии ҳамасолаи сарони кишварҳо оғоз гардид. Лекин бо сабаби пандемия чорабинӣ бештар бо шакли виртуалӣ ҷараён дорад. Дар толори бузурги Маҷмаи Умумӣ аз ҳар як кишвар як намоянда ҳузур дорад, то ки масофагирии иҷтимоӣ риоя шавад. Сарони кишварҳо тариқи алоқаи видеоӣ суханронӣ карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон зимни суханрониаш изҳор дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ ташаккул ефта, тавонист ба як платформаи муҳимму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёбад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки фаъолияти он вобаста ба тағйирёбии босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ ва вусъат пайдо кардани чунин таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва бемории сироятии коронавирус бори дигар аз он шаҳодат дод, ки аксари кишварҳои дунё ба таҳким бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба ниёз дошта, дар ин ҷода СММ-ро ҳамчун шарики боэътимод мебинанд.

“Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, бахусус дар пасманзари афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ мо бояд барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи инсоният ҳамеша омода ва муттаҳид бошем ва дар ҳалли тамоми мушкилоти глобалии сайёра пайваста бо ҳам ҳамкории густурда намоем, – гуфт ӯ. – Ҷашни 75-солагии Созмон ба марҳилае рост меояд, ки ҷаҳонро таҳдиду хатарҳои бесобиқа фаро гирифтаанд ва инсоният танҳо тариқи муколама ва ҳамкории глобалӣ метавонад, дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир муваффақ бошад”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ният дорад, ки саъю талошҳоро ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои созанда дар масоили марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим муштарак бо дигар кишварҳо тақвият бахшида, дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонӣ, барои ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Дар охири суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити хатару таҳдидҳои шиддатёбанда вокунишҳои бетаъхир бар пояи ягонагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи судмандро даъват намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.