ТАСС: Миёни фирориён аз зиндони Доғистон тоҷикистониён ҳам ҳастанд

Шаби 23 сентябр 6 нафар маҳбусон ба воситаи нақби кандаашон аз зиндони шаҳраки Шамхал воқеъ дар канори Махачқалъаи Доғистон фирор карданд. Миёни фирориён ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС. Вазорати корҳои дохилии Доғистон ному насаб ва аксҳои маҳбусони фирориро нашр кард. Ду тан аз онҳо зодагони Тоҷикистон мебошанд: сокини ноҳияи Ёвон Шамил Бойматови […]

Asia-Plus

Шаби 23 сентябр 6 нафар маҳбусон ба воситаи нақби кандаашон аз зиндони шаҳраки Шамхал воқеъ дар канори Махачқалъаи Доғистон фирор карданд. Миёни фирориён ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС.

Вазорати корҳои дохилии Доғистон ному насаб ва аксҳои маҳбусони фирориро нашр кард. Ду тан аз онҳо зодагони Тоҷикистон мебошанд: сокини ноҳияи Ёвон Шамил Бойматови 29-сола ва сокини шаҳри Душанбе Маҳмадрасул Машрабови 30-сола ҳар ду барои нигоҳдорӣ ва интиқоли маводи нашъаовар мутаносибан ба 12 ва 8 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Дигар маҳбусони фирорӣ зодагони Доғистон мебошанд: Наҷмудин Аҳмеднабиев, Рашид Аминов, Магомед Абдулқодиров ва Магдӣ Мириев.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин ҷумҳурӣ барои дастгир кардани онҳо чораҷуӣ мекунанд.

Чор тан аз фироиён барои ҷиноёти марбут ба маводи мухаддир ва ду нафар барои куштор ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуда буданд.

Дар хадамоти матбуоти ВКД ҷумҳурӣ хабар додаанд, ки ба ҳамаи шуъбаҳои минтақавии ВКД дар бораи маҳбусони фирорӣ маълумот фиристода шуда, ҳамаи нерӯҳо ба ҷустуҷӯи онҳо сафарбар гардидаанд.

“Ҷустуҷӯи зиндониёни фирорӣ айни замон вазифаи аввалиндараҷаи ВКД мебошад”, – қайд кардаанд дар хадамоти матбуот.

Қайд мешавад, ки муҳлати ҷазои таъингардида ба ин маҳбусон аз 8 то 15 солро ташкил медиҳад.

Баъди ин ҳодиса Сарраёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо санҷиши хизматиро роҳандозӣ намудааст. Ваъда додаанд, ки гунаҳкорон муҷозот мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.