БРСММ таъсири иҷтимоиву иқтисодии коронавирусро дар Тоҷикистон таҳқиқ кард

Барномаи рушди СММ (БРСММ) натиҷаҳои Гузориши арзёбии таъсири иҷтимоиву иқтисодии таъсири пандемияро ба вазъи ичтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба маърази умум гузошт. Таҳқиқот дар ҳамкории зич бо ҳукумат бо иштироки шарикон оид ба рушд гузароида шудааст. Дар гузориш қайд мешавад, ки бо афзудани таъсири харобкунандаи COVID-19 ба иқтисоди ҷаҳон, нобаробарии иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон боло […]

Барномаи рушди СММ (БРСММ) натиҷаҳои Гузориши арзёбии таъсири иҷтимоиву иқтисодии таъсири пандемияро ба вазъи ичтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба маърази умум гузошт.

Таҳқиқот дар ҳамкории зич бо ҳукумат бо иштироки шарикон оид ба рушд гузароида шудааст.

Дар гузориш қайд мешавад, ки бо афзудани таъсири харобкунандаи COVID-19 ба иқтисоди ҷаҳон, нобаробарии иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон боло рафта, занону ҷавонон мубталои хатари бекории дарозмуддат мегарданд.

“Барои кумак ба кишвар дар посухи беҳбудии ҳадафманд мубтано бар далоил, дарки таъсири фаврӣ, миёнмуддат, ва тӯлонимуддати COVID-19 дар тамоми манотиқи кишвар бар зиндагиву маишати мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин дар касбу кор ва бахши ғайрирасмӣ бисёр муҳим аст”, – гуфтааст Пратибҳа Меҳта, намояндаи БРСММ дар Тоҷикистон.

Ёфтаҳо ва тавсияҳои калидии барҷасташуда дар гузориши “Таъсири COVID-19 ба зиндагӣ, маишат ва ширкатҳои реза, хурд, мутавассит дар Тоҷикистон”бар асоси таҷвизҷу таҳлили додаҳои авваливу сониӣ ҳимоятшуда тавассути баррасии 1000 хонавода ва 700 ширкати резаву хурду миёна, дар мавриди чолишҳои ношӣ аз ҳамагир (пандемия) аст.

Ёфтаҳо таъид мекунанд, ки иштиғоли дохилӣ таҳти султаи мардон аст. Дар ҳоле ки занону ҷавонон бо афзоиши хатари бекории дарозмуддат ба унвони яке аз асароти тулонии COVID-19 мувоҷеҳанд. Таҳарруки омӯзиши маҳорати занону ҷавонон, низ қавитар таҳти таъсир қарор мегирад ва осебпазирии онҳоро бештар шиддат мебахшад.

Таври умум ҷомеъа бештар таҳти таъсири равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба мисли коҳиши интиқоли пул, адами пасандоз, аз даст додани манбаи аслии даромад, вуҷуди қарзи яке аз аъзоёни оила ва мубталоӣ ба бемории сироятӣ, қарор мегирад. Эҳтимоли табдил ёфтани бештари ҷамъияти осебпазир ба мадюни зинда монданро афзоиш медиҳад. Даромади хонаводаҳои худиштиғолӣ, кори муҳоҷиру машоғили ғайрисабтшуда бузургтарин коҳишҳоро дар натиҷаи таъсири COVID-19 доштааст.

Зиёда аз 63% ширкатҳои реза, хурд ва миёна гузориш кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир таҳти таъсири манфии пандемия қарор доранд. Аҳолӣ дар манотиқи рустоӣ ба ҳади аққали дастрасӣ ба хадамоти мушовараи касбу кору ва бозор мувоҷеҳанд. 85 % посухгӯён аз коҳиши фурӯши маҳсулот ва хадамот хабар доданд. Дар ҳоле ки 25% дар асари пандемия маҷбур ба таътили муваққат буданд. Уфти дастмузди коркунон болотарин уфт дар ширкатҳои кучак аст, ки бештар ба коркунони ҷавонтару ғайрирасмӣ зарба мезанад. Теъдоди занон дар ишитғоли ғайрирасмӣ ба таври номутаносибе болост, ки занону ҷавононро дар маърази хатари болотари коҳиши даромад қарор медиҳад.

Теъдоде аз тавсияҳои кутоҳмуддату дарозмуддат бар асоси ин ёфтаҳо барои расидагӣ ба чолишҳои ношӣ аз пандемия тавсеъа ёфтааст. Тағъироти тавсияшуда аз ҳимояти молии изтирорӣ ва тазмини амнияти ғизоӣ гирифта то таъғироти сатҳи сиёсат, монанди коҳиши молиёт барои ниҳодҳои тиҷорӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ барои пуштибониву ташвиқи иштиғоли расмӣ ва афзоиши рақобатпазирӣ, иборат мебошанд.

“Ин гузориш талоше аст, барои оғози баҳси густурдатаре дар мавриди тавсеаи фарогир, одилона ва пойдор дар заминаи таъсири пандемия ва пас аз COVID-19 ва ҳам саҳмгузорӣ дар барномаҳову тасмимҳои нав бар асоси далоили мавҷуд. Маводи мукаммали ёфтаҳову тавсияҳо дар гузориши “Таъсири COVID-19 ба зиндагӣ, маишат ва ширкатҳои реза, хурд ва миёна дар Тоҷикистон” дар вейбсати БРСММ дар Тоҷикистон мунташир шудааст””, – изҳор доштааст доктор Пратибҳа Меҳта.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.