ВМКБ даъвати сарбозонро дар як рӯз 103% иҷро кард

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бори аввал дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон ба артиш нақшаи даъватро дар сар то сари вилоят 103% иҷро кардааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" сухангӯйи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод.  Иҷрои нақшаи саду се дарсадии вилоят дар ҳолест, ки солҳои гузашта иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дар бархе аз […]

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бори аввал дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон ба артиш нақшаи даъватро дар сар то сари вилоят 103% иҷро кардааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" сухангӯйи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод. 

Иҷрои нақшаи саду се дарсадии вилоят дар ҳолест, ки солҳои гузашта иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дар бархе аз ноҳияҳои ин вилоят ва шаҳри Хоруғ аз мушкилоти асосӣ буд. 

Ба гуфтаи Ғолиб Ниятбеков имрӯз 241 ҷавони бадахшӣ, тайи як маросими хос дар шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси вилоят Ёдгор Файзов ба хидмати Ватан гусел карда шуданд. Бино ба маълумоти ҳукумати ВМКБ ҳоло ноҳияи Дарвоз 100%, Мурғоб 112%, Роштқалъа 100%, Рӯшон 100%, Хоруғ 100%, Шуғнон 106%, Ишкошим 110% ва ноҳияи Ванҷ 100%-и нақшаи даъватро иҷро кардаанд, ки ба ҳисоби умумӣ дар сатҳи вилоят 103%-ро дар бар гирифтааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.