Дар Тоҷикистон дуромӯзии саводи расонаӣ ва рақамӣ роҳандозӣ шуд

Тими платформаи Factcheck.tj ба нашри наворҳои омӯзишӣ оид ба саводнокии расонаӣ ва рақамӣ бо забони тоҷикӣ шурӯъ кард. Муаллифони лоиҳа ваъда медиҳанд, ки наворҳо натанҳо барои рӯзноманигорон, балки барои аудиторияи васеи тоҷикзабон низ дастрасу фаҳмо хоҳанд буд. Ҷамшед Маърупов яке аз илҳомбахши асосии рушди саводнокии расонаӣ ва рақамӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ду сол қабл, ӯ […]

"media.tj"

Тими платформаи Factcheck.tj ба нашри наворҳои омӯзишӣ оид ба саводнокии расонаӣ ва рақамӣ бо забони тоҷикӣ шурӯъ кард. Муаллифони лоиҳа ваъда медиҳанд, ки наворҳо натанҳо барои рӯзноманигорон, балки барои аудиторияи васеи тоҷикзабон низ дастрасу фаҳмо хоҳанд буд.

Ҷамшед Маърупов яке аз илҳомбахши асосии рушди саводнокии расонаӣ ва рақамӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ду сол қабл, ӯ ва чанд кас ҳаваскорони дигар дар баробари омӯзиш бо далелсанҷҳои минтақавӣ, платформаи Factcheck.tj -ро таъсис доданд, ки дар он нашри маводҳои санҷишии ВАО-ро шурӯъ карданд.

– Дар аввал мо танҳо эътирофи фейкҳоро дар платформа нашр кардем ва муддати тӯлонӣ як мақолаи рӯзноманигор Ёқуб Ҳалимов буд. Баъдтар, мо бо ҳама гуна таҳрифи иттилоот кор кардем – манипулятсия, иштибоҳи воқеӣ, – мегӯяд Ҷамшед. 

Ғайр аз таҳияи муҳтавои бахшида ба саводнокии расонаӣ, Ҷамшед лоиҳаҳои таълимӣ, ки дар ин самт аз наздик иштирок кардааст.  Ҳоло ӯ яке аз маъруфтарин мураббиёни саводи расонаии Тоҷикистон мебошад. Ҷамшед маърӯзаҳои худро ба забони тоҷикӣ тақрибан дар тамоми ҷумҳурӣ рафта, қисса кардааст. Ҳамаи он чорабиниҳо бошад, дар шакли офлайн гузаронида мешуданд ва барои шахсони наздик ба расонаҳову журналистика пешбинӣ шуда буданд. Доираи аудиторияи ӯ маҳдуд буд. Худи Ҷамшед чунин мешуморад, ки аудитория дар ин гуна маърӯзаҳо бояд то ҳадди имкон васеъ бошанд, зеро сатҳи саводи расонаӣ миёни ҷавонони маҳаллӣ хеле паст аст.

Барои зиёд кардани шумораи аудиторияи худ, Ҷамшед ва ҳамкорони ӯ аз ташкилоти ҷамъиятии «Равзана» тасмим гирифтанд, ки дарсҳои наворӣ оид ба саводнокии расонаӣ ба роҳ монанд. Баҳори соли равон, онҳо бо ин ғоя ба озмуни грантӣ оид ба лоиҳаҳои саводнокии расонаӣ аз ҷониби Интернюс дар Тоҷикистон дархост пешниҳод карда, ғолиб шуданд. Акнун ҳар кас метавонад дарси видеоиро бо забони тоҷикӣ дар канали Factcheck.tj дар YouTube тамошо кунад. Аввали моҳи ноябри соли равон Ҷамшед ва ҳамкорони ӯ ба нашри муҳтавои тайёр дар ин канал шурӯъ карданд. То инҷониб танҳо як дарси видеоӣ дар канал нашр карда шудааст. Он ба хизматрасонии Archive.vn бахшида шудааст, ки ба шумо имкон медиҳад, маводҳои заруриро дар Интернет нигоҳ доред, ҳатто агар онҳо ҳазф шуда бошанд ҳам. Дар маҷмӯъ, 10-то чунин наворҳои омӯзишӣ дар канал нашр карда мешаванд.

– Оид ба саводнокии расонаӣ дар Интернет бо забонҳои русӣ, англисӣ – маводи фаровон мавҷуд аст. Аммо ба забони тоҷикӣ нест. Дар ҳар сурат, ман ягон чизи мувофиқро дучор наомадаам. Ман ҳамеша бо ин далел ошуфтаҳол будам ва мо кӯшиш мекунем, ки то ҳадди имкон таваҷҷӯҳи худро ба тавлиди муҳтаво барои аудиторияи тоҷикзабон равона созем, шарҳ медиҳад Ҷамшед.

Ба гуфтаи ӯ, ҳама дарсҳои видеоӣ барои аудиторияи васеъ таҳия карда мешаванд, то як шахси одӣ пас аз тамошои он маълумоти ба худ лозимаро тафтиш кунад ва интизор нашавад, ки рӯзноманигорон ё далелсанҷҳо барои ӯ ин корро кунанд.

Ба ғайр аз сабти наворҳои дарсӣ, барои васеъ кардани аудитория, тими Factcheck.tj тасмим гирифт, ки муҳтавои худро тавассути тестҳо, бозиҳои онлайнӣ ва дигар маводҳои интерактивӣ диверсификатсия кунад. Дар ояндаи наздик, дар ин сомона подкастҳои мавзӯӣ низ пайдо мешаванд.

– Ман фикр мекунам, ки чорабиниҳои таълимӣ дар мавзӯи саводнокии расонаӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз кофӣ нестанд. Мо дар нӯги яхбандӣ ҳастем, кор кардан хеле душвор аст, – мегӯяд Ҷамшед. – Аввалан, ташкилотҳое, ки ба ин кор машғуланд, ангуштгуморанд. Дуввум, дар Тоҷикистон ягон мутахассис оид ба саводи расонаӣ ва рақамӣ амалан вуҷуд надорад. Ҳамзамон, ман барои наврасон курсҳо гузаронидам ва гуфта метавонам, ки мутаассифона, сатҳи саводнокии расонаии онҳо ниҳоят паст аст. Ҷавонон дар бораи ин самт тақрибан чизе намедонанд, ҳарчанд ки онҳо Интернетро фаъолона истифода мебаранд, худро ҳар рӯз дар хатар қарор медиҳанд. Хусусан, ҳоло, ҳангоми пандемия, вақте ки ҳаёти инсон метавонад аз маълумоти боэътимод вобаста бошад.

Тими “Равзана” нақша дорад, ки дар 10 дарсҳои видеоӣ таваққуф накарда, минбаъд низ кӯшиш кунад, то муҳтавои дастрасро бо забони тоҷикӣ эҷод кунад. Ва ин муҳтаво ба аудитория дарки принсипҳои асосии саводи расонаӣ ва рақамӣ кӯмак расонад. Чун дониш дар ин самт доимо навовариро талаб мекунад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” нашр шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.