Имсол беш аз 1000 сокини Суғд аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд гуфтааст, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ 1143 нафар сокини ин вилоят аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд. Бино ба иттилои ин ниҳод, вуруди ин шаҳрвандон ба Русия “муваққатан манъ гардидааст”. Соли ҷорӣ ба ин ниҳод 3 ҳазору 100 нафар муҳоҷир барои дақиқ кардани он ки ҳаққи сафар […]

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд гуфтааст, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ 1143 нафар сокини ин вилоят аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд. Бино ба иттилои ин ниҳод, вуруди ин шаҳрвандон ба Русия “муваққатан манъ гардидааст”.

Соли ҷорӣ ба ин ниҳод 3 ҳазору 100 нафар муҳоҷир барои дақиқ кардани он ки ҳаққи сафар ба Русияро доранд ё не, муроҷиат кардаанд. Дар пайи санҷиши шиноснома ва муайян гардидани вазъи ҳуқуқӣ, дақиқ шудааст, ки сафари 1143 нафари онҳо ба Русия манъ карда шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ба ин афрод бо муосидати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои ёфтани ҷойи кор ва омӯхтани касб ёрӣ кардааст. “Ба 83 нафар аз ин муҳоҷирон касб омўзонида, 350 нафар барои касбомўзӣ ҷалб шуданд. Инчунин 120 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин ва ба 56 нафар қарзи имтиёзнок дода шуд”,-омадааст дар хабарномаи раёсат.

Соли 2020 ба дунболи бемории ҳамагири коронавирус аксари кишварҳо аз ҷумла Русия низ дари худро ба рӯйи муҳоҷирон баст, ки маъмулан аксари хонаводаҳои тоҷик аз маблағи дарёфти муҳоҷирӣ вазъи иқтисодии худро беҳтар мекарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.