Парвозҳои чартерӣ ба Қазоқистону Белорус дар моҳи ноябр

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз анҷом шудани парвзҳои чартерӣ дар хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе ва Душанбе-Алмато-Душанбе барои моҳи ноябр хабар медиҳад.  Тибқи иттилои вазорат Ситоди ҷумҳурявии муқовимат бо коронавирус дар Тоҷикистон ризоят додааст, ки ширкати "СомонЭйр" дар моҳи ноябр парвозҳои чартерии иловагиро дар хатсайрҳои мазкур анҷом диҳад. Рӯйхати парвозҳоро дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба тартиби зайр […]

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз анҷом шудани парвзҳои чартерӣ дар хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе ва Душанбе-Алмато-Душанбе барои моҳи ноябр хабар медиҳад. 

Тибқи иттилои вазорат Ситоди ҷумҳурявии муқовимат бо коронавирус дар Тоҷикистон ризоят додааст, ки ширкати "СомонЭйр" дар моҳи ноябр парвозҳои чартерии иловагиро дар хатсайрҳои мазкур анҷом диҳад.

Рӯйхати парвозҳоро дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба тартиби зайр нашр кардааст:

– 8 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;

– 15 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;

– 16 ноябр, Душанбе-Алмато-Душанбе;

– 22 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;

– 28 ноябр, Душанбе-Алмато-Душанбе;

– 29 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе.

Вазорат таъкид кардааст, ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд бояд бо худ ҳатман маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19-ро дошта бошанд, ки на пештар аз 96 соат (4 шабонарӯз)-и расидан ба Тоҷикистон гирифта шуда бошад.  Кӯдакони то сесола аз доштани ин гуна маълумотнома озоданд.

Ҳамчунин Вазорат ба ҳамватаноне, ки ба Белорусу Қазоқистон мераванд таъкид кардааст, ки бояд пеш аз сафар мустақилона бо талабаоти сафар дар давраи ҳамагирии коронавирус шинос шаванд ба ин кишварҳо шинос шаванд, то ҳангоми сафар душвориҳо пеш наояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.