Ҳалокати дастикам 40 сарбоз аз амали террористӣ дар Ғазнии Афғонистон

Бар асари таркиши автомобили мингузоришуда дар вилояти марказии Ғазнии Афғонистон дастикам 40 сарбози афғон кушта ва 24 нафар захмӣ шуданд, хабар додаанд ба CNN дар Вазорати тандурустии Ғазнӣ. Як нафар автомашинаро дар назди пойгоҳи низомии воқеъ дар ноҳияи Деҳяки вилоят таркондааст. Мувофиқи изҳороти Вазорати мудофиаи Афғонистон, ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба пойгоҳ ҳамлагар бо неруҳои […]

Бар асари таркиши автомобили мингузоришуда дар вилояти марказии Ғазнии Афғонистон дастикам 40 сарбози афғон кушта ва 24 нафар захмӣ шуданд, хабар додаанд ба CNN дар Вазорати тандурустии Ғазнӣ.

Як нафар автомашинаро дар назди пойгоҳи низомии воқеъ дар ноҳияи Деҳяки вилоят таркондааст. Мувофиқи изҳороти Вазорати мудофиаи Афғонистон, ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба пойгоҳ ҳамлагар бо неруҳои амният дучор шудааст. Ҳоло ҳеҷ яке аз гурӯҳҳо масъулияти ин амалро ба дӯш нагирифтааст.

Мансабдорони расмии маҳаллӣ ба Reuters иттилоъ додаанд, ки дар натиҷаи таркиш манзилҳои шаҳрвандони мулкӣ дар гирду атрофи пойгоҳ осеб дидаанд.

Намояндаи Вазорати умури дохилӣ Тариқ Ориён далели таркишро тасдиқ намуда, лекин дар бораи омилу ҳадафҳои таркиш ва ҷабрдидагони эҳтимолӣ маълумот надодааст.

Намояндаи “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид зимни суҳбат бо Reuters масъулиятро на ба дӯш гирифтаасту на инкор кардааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи якшанбе бар асари боз як таркиш дар вилояти шарқии Зобул, ки алайҳи мансабдори воломақоми вилоят равона гардида буд, дастикам 1 нафар куштаву 23 каси дигар захмӣ шуданд.

Дар натиҷа роҳбари шӯрои вилояти Зобул Ҳоҷӣ Отаҷон Ҳақбаён ҷароҳати сабук бардоштааст. Дар ин ҳамла ба Ҳақбаён, ки интиқодгарои шадиди “Толибон” аст, низ касе масъулиятро ба дӯш нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд моҳи ахир дар Афғонистон як силсила таркишҳои автомобилҳо ба вуқӯъ пайвастанд, вале бо вуҷуди ин, гуфтушунидҳои сулҳхоҳона байни “Толибон” ва ҳукумат идома доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.