Фиреби кормандони ШВКД-и Данғара аз ҷониби зани 30-сола

Зани 30-сола кормандони ШВКД дар ноҳияи Данғараро фиреб намудааст, ки шахси ниқобпӯш ӯро бо корд захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст. Вале ВКД иттилоъ медиҳад, ки ин зан баъди муноқиша бо модараш бо мақсади худкушӣ  бо корди ошхона 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, дар беморхона бистарӣ мегардад. Ва номбурда танҳо барои пинҳон […]

Зани 30-сола кормандони ШВКД дар ноҳияи Данғараро фиреб намудааст, ки шахси ниқобпӯш ӯро бо корд захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.

Вале ВКД иттилоъ медиҳад, ки ин зан баъди муноқиша бо модараш бо мақсади худкушӣ  бо корди ошхона 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, дар беморхона бистарӣ мегардад. Ва номбурда танҳо барои пинҳон кардани кирдори содиркардааш ба кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи бардурӯғ пешниҳод намудааст, ки зарари ҷисмонии гирифтааш аз тарафи шахси номаълуми ниқобпӯш содир гардидааст.

Гуфта мешавад, дар аризаи номбурда гуфта шудааст, ки шаби 30-юми ноябри соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахси номаълуми ниқобпӯш бо мақсади дуздӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, ҳангоми бо ӯ рӯ ба рӯ шудан бо воситаи корд 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Ҳамзамон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаби 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 23:00, зани номбурда бо модараш муноқиша карда, баъдан бо мақсади худкушӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш задааст.

Зимнан зикр мегарад, ки далели шайъӣ – 1 адад корди ошхонагӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.