Эмомалӣ Раҳмон авлавиятҳои Тоҷикистонро замони раёсат дар СААД шарҳ дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласа масъалаҳои амнияти байналмилалӣ, минбаъд ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Созмон, рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшудаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ҳамчунин масъала оид ба самтҳои афзалиятноки […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласа масъалаҳои амнияти байналмилалӣ, минбаъд ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Созмон, рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшудаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ҳамчунин масъала оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти СААД дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмон баррасӣ шуданд.

Дар ин зимн мушкилоти мухталифи дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои аъзои СААД дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба онҳо дучор омадаанд, алахусус оқибатҳои манфии бӯҳрони иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодӣ, ки боиси афзоиши бекорӣ ва таҳдидҳо ба амнияти озуқаворӣ шудааст, таъкид гардиданд.

Инчунин, тамоюли афзоиши таҳдидҳои глобалии терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қайд карда шуд.

Вобаста ба ин, сарвари давлати Тоҷикистон аҳамияти пурзӯр кардани нерӯи СААД-ро барои муқовимати самаранок ба таҳдидҳо ва чолишҳои амниятӣ пешниҳод кард.

Дар робита ба гузаштани вазифаҳои раёсат дар СААД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагии кишварамонро ҷиҳати идомаи сиёсати ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Созмон нигарондашударо ба хотири таъмини ҳаёти бехатар ва осоиштаи халқҳои кишварҳои аъзои СААД таъкид намуд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи пленарӣ, Президенти Тоҷикистон бори дигар ба афзоиши хавфҳо ва таҳдидҳои амниятӣ, ки ба вазъи кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ таъсири бениҳоят манфӣ мерасонанд, таваҷҷуҳ намуда, зарурати ба ҳам овардани талошҳои кишварҳои аъзоро ҳам дар доираи Созмон ва ҳам дар ҳайатҳои васеътар таъкид намуданд.

Аз ҷумла, бо дарназардошти истифодаи торафт фаъолонаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ барои ҳадафҳои таблиғ ва ҷалбсозӣ, аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи амалҳои хадамоти махсус дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо, инчунин иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бораи ташаккули Рӯйхати ягонаи ташкилотҳо, ки дар сиғаи СААД террористӣ эътироф шудаанд, таъкид гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои ҳолат дар марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СААД, вазъ дар Афғонистон ва таҳдиди маводи мухаддир муҳокима карда шуд.

Зимни сухани хотимавӣ Эмомалӣ Раҳмон назари Тоҷикистонро оид ба самтҳои афзалиятноки раёсати Созмон дар соли 2021 шарҳ доданд. Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар оянда  низ ба тавсеаи пайгиронаи ҳамкориҳо дар самти сиёсӣ, идомаи корҳо барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, инчунин густариши ҳамкории СААД бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо дарназардошти вазъи имрузаи вобаста ба ҳамагирии коронавируси нав зарурати идомаи корҳо дар самти таъмини амнияти тиббиву биологии кишварҳои аъзои Созмон ва дар чаҳорчубаи СААД таъсис додани механизми ҳамкорӣ дар ин арса аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар охир Президенти Тоҷикистон сарони давлатҳои аъзои Созмонро ба Душанбе барои иштирок дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки соли оянда дар кишвари мо баргузор мешавад, даъват кард.

Аз рӯи натиҷаҳои кори ҷаласа Изҳорот ва Эъломияи СААД қабул карда шуда, як қатор қарорҳои муҳими Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байни кишварҳои аъзоро дар назар доранд, ба имзо расиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.