Муовини сарвазир аз хатлониён хостааст барқи зиёд истифода накунанд

Муовини сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода зимни як ҷаласаи корӣ вобаста ба омодагии вилояти Хатлон ба зимистон, рӯзи 2 декабр дар шаҳри Бохтар аз ширкатдорони ҷаласа даъват кардааст, ки бинобар сабаби кам будани об дар обанборҳои неругоҳҳои кишвар, барқро самараноку эҳтиёткорона истифода бубаранд. Дар ин ҷаласа ҳамчунин вазири тозатаъини энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Муовини сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода зимни як ҷаласаи корӣ вобаста ба омодагии вилояти Хатлон ба зимистон, рӯзи 2 декабр дар шаҳри Бохтар аз ширкатдорони ҷаласа даъват кардааст, ки бинобар сабаби кам будани об дар обанборҳои неругоҳҳои кишвар, барқро самараноку эҳтиёткорона истифода бубаранд.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин вазири тозатаъини энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа низ ҳузур доштааст.

Тавре дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар додааст, дар ин ҷаласа Усмоналӣ Усмонзода ва Қурбон Ҳакимзода низ ин даъватро аз ҳозирин кардаанд.

“Дар ҷараёни кори Ситод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва муовини Сарвазири мамлакат Усмонзода Усмоналӣ оид ба самараноку оқилона истифода бурдани неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон изҳори назар намуда, гуфтанд, ки бо сабабҳои ба ҳамагон маълум, кам будани об дар обанбори неругоҳҳои барқи обӣ, зиёд шудани аҳолӣ ва аз меъёр зиёд истифода намудани неруи барқ эҳтиёҷ ба неруи барқ дар қаламрави кишвар пеш омадааст.  Бояд ҳамагон аз маданияти истифодабарии неруи барқ бархӯрдор бошанд, дастгоҳу таҷҳизоти гармидиҳиро безарурат истифода набаранд ва ҳаққи истифодаи неруи барқро саривақт пардохт намоянд”- омадааст дар хабарномаи маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон.

Ҳамчунин дар ин хабарнома гуфта шудааст, ки Шабакаҳои барқи ҷануб ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳолати якуми декабр корҳои омодагӣ ба зимистонро аз 60 то 100 фисад иҷро кардаанд.

Ин даъвати муовини сарвазир ва раиси вилоят дар ҳолест, ки ҳудуди як моҳ инҷониб интиқоли қувваи барқ ба деҳот рӯзона аз соати 7:00 то соати 17:30 қатъ карда мешавад. Сарфи назар аз ин ки дар расонаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёде ба миён омадааст, то кунун  ширкати “Барқи тоҷик” ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар сабаби рӯзона қатъ шудани барқро дуруст шарҳ надодаанд. "Барқи тоҷик" танҳо чанд маротиба ин ҳолатро ба корҳои таъмир дар хатҳои интиқоли барқ рабт додаву ҷорӣ шудани лимити барқро рад кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.