Афзоиши бесобиқаи нарху хизматрасониҳо дар Тоҷикистон бори нахуст тайи 8 соли охир

Болоравии арзиши молу маҳсулот ва тарифҳои хизматрасонӣ дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ ба нишондодҳои дурақама наздик мешавад. Чунин сатҳи баланди таваррум дар кишвар тӯли 8 соли охир ба қайд гирифта нашуда буд. Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ аз ҳама бештар нархи маҳсулоти хӯрокворӣ – ба андозаи 12,5% боло рафт, хабар медиҳад Агентии омори кишвар. Нархи маҳсулоти […]

Болоравии арзиши молу маҳсулот ва тарифҳои хизматрасонӣ дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ ба нишондодҳои дурақама наздик мешавад. Чунин сатҳи баланди таваррум дар кишвар тӯли 8 соли охир ба қайд гирифта нашуда буд.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ аз ҳама бештар нархи маҳсулоти хӯрокворӣ – ба андозаи 12,5% боло рафт, хабар медиҳад Агентии омори кишвар.

Нархи маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 5,2% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 3,8% зиёд шуд.

Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар тӯли 11 моҳи соли равон дар маҷмӯъ 8,9%-ро ташкил дод.

Сатҳи бештар баландтар тайи даҳсолаи ахир соли 2011 ба қайд гирифта шуда буд, ки он замон нархҳо ба молу маҳсулот ва тарифҳои хизматрасонии пулакӣ ба андозаи 9,3% боло рафта буданд.

Чӣ аз ҳама зиёдтар қимат шуд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

Шакар (қанд) – 41,6%

Равған – 35,3%

Картошка – 20,1%

Тухм – 19,3%

Маснуоти нонӣ – 15,9%

Гӯшт – 6,2%.

Маҳсулоти ғайриозуқа:

Ангишт – 12,9%

Воситаҳои шустан – 10,1%

Маҳсулоти дорусозӣ – 8%

Масолеҳи сохтмон – 7,9%

Қисмҳои эҳтиётии нақлиёт – 6%

Матоъ – 5,5%

Гази моеъ – 5,4%.

Хизматрасониҳои пулакӣ:

Нархи роҳкирои сафар бо нақлиёти ҳавоӣ – 30%

Хизматрасониҳои маишӣ – 5,2%.

Соли 2019 нархи маҳсулот чӣ қадар боло рафт?

Таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон соли гузашта ба нишондиҳандаи рекордӣ тайи ҳафт соли охир – 8% расид. Арзиши чиҳо аз ҳама бештар гарон шуд?

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.