Парвозҳои мустақими Душанбеву Тошканд моҳи март сурат мегиранд

Интизор меравад, ки аз моҳи март миёни Душанбеву Тошканд парвозҳои мустақими ҳавоӣ сурат бигирад. Дар ин бора ба хабаргузории «Ховар» мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Икром Субҳонзода хабар додааст. Ӯ гуфтааст, ки дар ин маврид миёни  ниҳодҳои ҳавонаврадии Тоҷикистону Ӯзбекистон гуфтушунид идома дорад. «…то ба эътидол омадани вазъияти эпидемикӣ интизор меравад, ки шуруъ аз […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Интизор меравад, ки аз моҳи март миёни Душанбеву Тошканд парвозҳои мустақими ҳавоӣ сурат бигирад. Дар ин бора ба хабаргузории «Ховар» мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Икром Субҳонзода хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, ки дар ин маврид миёни  ниҳодҳои ҳавонаврадии Тоҷикистону Ӯзбекистон гуфтушунид идома дорад.

«…то ба эътидол омадани вазъияти эпидемикӣ интизор меравад, ки шуруъ аз моҳи март байни Душанбе ва Тошканд парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо  ба роҳ монда шаванд».

Дар ҳамин ҳол, имрӯз баъд аз чандин моҳи таваққуф дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд нахустин парвози чартерӣ  анҷом дода шуд. Парвози махсус аз сӯйи ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» /Uzbekistan Airways/ сурат гирифт.

Ёдрас мешавем, ки Ӯзбакистон сарҳадҳояшро аз 16 март, пас аз он ки дар ҷумҳурӣ аввалин ҳолати сирояти коронавирус сабт шуд, комилан баст. Баъдтар хабар дода шуд, ки хадамоти байналмилалии ҳавоӣ, автомобилӣ ва роҳи оҳан то охири апрел қатъ карда шуданд ва ҳамин тур то кунун парвозҳо миёни Тошканду Душанбе анҷом дода намешаванд.

Ӯзбекистон аз моҳи октябр ба ин сӯ марзҳояшро барои бархе аз кишварҳо кушодааст, вале дар ин миён марзҳояш бо Тоҷикистон ҳанӯз бастаанд.

Ҳоло аз Тоҷикистон парвозҳои мустақим танҳо дар масирҳои Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Дубай аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Turkish Airlines» ва «FlyDubai» сурат мегиранду халос. Ба шаҳрҳои гуногуни Русия аз Душанбе ва Хуҷанд парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешавад, ки шартҳои махсусе барои парвоз доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.