Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ карданд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ рӯзи 4 январ дар чаҳорчӯби сафари кории худ ба минтақаи Қасими Подшоҳӣ бо Амири минтақаи мазкур шоҳзода Файсал ибни Мишъал Оли Сауд мулоқот намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва […]

Asia-Plus

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ рӯзи 4 январ дар чаҳорчӯби сафари кории худ ба минтақаи Қасими Подшоҳӣ бо Амири минтақаи мазкур шоҳзода Файсал ибни Мишъал Оли Сауд мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо истифодаи зарфиятҳои ду кишварро ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ салоҳ донистанд.

Зикр мегардад, ки ҳангоми сафари корӣ инчунин мулоқотҳои Сафир бо Раиси Палатаи тиҷорат ва саноати минтақаи Қасим Муҳаммад Ал-Ҳаная ва Раиси Кумитаи рушди иқтисод ва сармоягузории минтақа доктор Юсуф Ал-Орайнӣ доир гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.