Интизории Тоҷикистон аз кумаки ИА барои дастгирии табибон

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои амалисозии Барномаи рушди тандурустӣ аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) кумаки молиявӣ дастрас намояд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи декабр бо фармони худ ба муовини якуми сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид дастур дода буд, ки лоиҳаи созишномаи дахлдорро дар ин хусус бо Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонад. Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои амалисозии Барномаи рушди тандурустӣ аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) кумаки молиявӣ дастрас намояд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи декабр бо фармони худ ба муовини якуми сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид дастур дода буд, ки лоиҳаи созишномаи дахлдорро дар ин хусус бо Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонад.

Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба мувофиқаи сана ва макони имзои созишномаи мазкур уҳдадор мешавад.

Матни лоиҳаи созишнома, ки дар он маблағи кумаки мегирифта зикр мешавад, аз ҷониби Пойгоҳи мутамаркази қонунгузории Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр нашудааст.

Моҳи апрели соли гузашта Иттиҳоди Аврупо изҳор дошта буд, ки ният дорад, то 48 миллион евро дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҳамчун кумак ба Тоҷикистон дар бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 пешниҳод кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи дастгирии соҳаи тандурустӣ дар соли 2020 аз бисёр мададрасонони байнулмилалӣ кумаки молиявӣ дастрас кард.

Аз ҷумла, моҳи майи соли гузашта Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҷумҳурӣ ба маблағи 189,5 млн доллар қарзи имтиёзнок ҷудо кард. Ҳамчунин аз Фонди авруосиёии суботу рушд низ 50 млн доллар қарз дастрас шуд.

Бо ин мақсад аз дигар созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки осиёии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ низ грантҳо гирифта шуданд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 дар робита ба пандемияи коронавирус ба ҳукумати Тоҷикистон лозим омад, ки маблағгузории соҳаи тандурустиро аз буҷет 2 баробар: аз 1,8 млрд то ба 3,6 млрд сомонӣ зиёд кунад.

Дар зиёдшавии хароҷоти соҳа ба ҳукумат созмонҳои байнулмилалии молиявӣ кумак карда, ҷиҳати рӯйпӯш сохтани касри хароҷоти буҷет барои ин соҳа, тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳукумат қисмате аз захираҳои тиллоии худро фурӯхт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.