Боздошти дуздони чорво ва пойгоҳҳои обкашӣ дар Ҷайҳун

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар силсиладуздиҳои чорвои калону хурд ду сокини ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) Маҳмадғаюр Ҳабибуллоеви 32-сола ва Қиёмуддин Нуриддинови 36-соларо боздошт намуданд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, онҳо чорвои калону хурду хешовандони худ ва ҳамсояҳоро медуздиданд. “Инчунин аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии сокинони ноҳияи мазкур насосҳои обкашии барқиро низ тасарруф […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар силсиладуздиҳои чорвои калону хурд ду сокини ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) Маҳмадғаюр Ҳабибуллоеви 32-сола ва Қиёмуддин Нуриддинови 36-соларо боздошт намуданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, онҳо чорвои калону хурду хешовандони худ ва ҳамсояҳоро медуздиданд.

“Инчунин аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии сокинони ноҳияи мазкур насосҳои обкашии барқиро низ тасарруф намудаанд”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, ин ду нафар дар 7 ҳолати дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаашон 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон вобаста ба далелҳои мазкур нисбати гумонбаршудагон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.