Сулҳ меояд: даври 2-и музокироти сулҳи Афғонистон оғоз мешавад

Ҳайати музокиракунандаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон субҳи имрӯз барои оғози даври дувуми музокироти сулҳ бо гуруҳи "Толибон" ба Давҳаи пойтахти Қатар рафтанд. Қарор аст, музокироти сулҳи Афғонистон фардо шуруъ шавад. Ин ҳайат пеш аз сафар ба Давҳа дирӯз бо ҳайати Кумитаи раҳбарии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дидор доштаанд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон […]

Ҳайати музокиракунандаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон субҳи имрӯз барои оғози даври дувуми музокироти сулҳ бо гуруҳи "Толибон" ба Давҳаи пойтахти Қатар рафтанд. Қарор аст, музокироти сулҳи Афғонистон фардо шуруъ шавад.

Ин ҳайат пеш аз сафар ба Давҳа дирӯз бо ҳайати Кумитаи раҳбарии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дидор доштаанд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфтааст, ки онҳо ба ҳайтаи музокиракунанда итминон додаанд, ки аз пуштибонии қавии давлат ва ҷомеаи Афғонистон бархӯрдоранд.

Ҷомеаи маданӣ, фаъолони сиёсӣ ва расонаии Афғонистон пеш аз сафари ин ҳайат талаб карда буданд, ки бояд оташбас яке аз пешшартҳо барои идомаи музокирот бошад. Талаби оташбас дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта раиси Амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ гуфта буд, ки гуруҳи "Толибон" дар як соли ахир дар ин кишвар 18 ҳазор дусад ҳамали террористӣ анҷом додаанд. 

Дар ҳамин ҳол бино ба иттилои шабаи  "Тулуънеюс" Зулмай Халилзод фиристодаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон низ ба Давҳа сафар кардааст. Халилзод дар Твитери худ навиштааст, ки "интизор дорад, ки ин даври музокирот натиҷаи қобили малмус дошта бошад".

Халилзод хостори коҳиш ёфтани хушунатҳо дар Афғонистон шуда, навиштааст, ки ҳар ду тарафи музкиракунанда бо мусолиҳаи воқеӣ ва тавофуқ рӯйи як роҳи ҳалли сиёсӣ дар ояндаи наздик бояд дар ростои манфиатҳои мардуми Афғонистон амал кунанд. 

Қарор аст дар даври нави музокирот масъалаи таъмини оташбас, чигунагии низоми идоракунии кишвар ва дигар масоили умдаи Афғонистон мавриди баҳс қарор бигирад.

Даври аввали музокироти сулҳи Афғонистон 15 сентябр дар Давҳаи пойтахти Қатар оғоз шуда буд, ки се моҳ идома ёфт ва ба ҷуз баъзе масоили фаннӣ дастоварди дигари қобили мулоҳизае надошт. Акнун баъди ду ҳафта  давраи нави ин музокирот оғоз мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.