Зани 34-солае дар Душанбе бо гумони ташкили фоҳишахона боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 34-солаи сокини Душанбе хабар медиҳад, ки барои ташкили фоҳишахона муттаҳам шудааст.  Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ин зан дар кӯчаи Ҷаббор Расулови Душанбе хонаеро ба иҷора гирифта бар ивази пул дар ихтиёри сокинон мегузоштааст. Ин занро ВКД дар нигаҳдории фоҳишахона ҳам муттаҳам мекунад. "Номбурда дар хонаи иҷорагирифтааш, […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 34-солаи сокини Душанбе хабар медиҳад, ки барои ташкили фоҳишахона муттаҳам шудааст. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ин зан дар кӯчаи Ҷаббор Расулови Душанбе хонаеро ба иҷора гирифта бар ивази пул дар ихтиёри сокинон мегузоштааст. Ин занро ВКД дар нигаҳдории фоҳишахона ҳам муттаҳам мекунад.

"Номбурда дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт ба марди 36 ва зани 29-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст",-менависад дафтари матбуоти ин ниҳод.

Ҳамчунин бино ба иттилои ВКД инчунин ин зан ду мавриди дигар барои сокинони пойтахт бар ивази 150-сомонии шароит фароҳам кардааст, ки онҳо алоқаи ҷинсӣ анҷом диҳанд. 

Ҳарчанд ҳувияти зани боздоштшударо ВКД ошкор накардааст, аммо мегӯяд, ки "аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.