Боздошти “рекордсмен”-и қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт

Кормандони милитсияи пойтахт ронандаеро боздошт намуданд, ки дар як фурсати кӯтоҳ чандин бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардааст. Боздошти ӯ дар пайи сабти навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт. Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сокини 25-солаи пойтахт Юсуфҷон Абидов ҳангоми идораи автомашинаи “Тойота Кемри” дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дар муддати […]

Кормандони милитсияи пойтахт ронандаеро боздошт намуданд, ки дар як фурсати кӯтоҳ чандин бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардааст. Боздошти ӯ дар пайи сабти навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сокини 25-солаи пойтахт Юсуфҷон Абидов ҳангоми идораи автомашинаи “Тойота Кемри” дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дар муддати 1 дақиқа 15 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

“Бо ин амал ӯ барои дигар ронандагон ҳолати садамавӣ ва хавфнок ба вуҷуд оварда, ғайр аз ин, ҳангоми боздоштан ба талаботи қонунии кормандони БДА итоат накард”, – қайд мешавад дар хабар.

https://www.youtube.com/watch?v=ToL820CCbxo

Нисбат ба Абидов тибқи талаботи моддаҳои 326 қ.1 (Аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ) ва 329 қ.1 (Талаботи қонунии корманди милитсияро бобати боздоштани воситаи нақлиёт иҷро накардани ронандагон) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Мувофиқи ин моддаҳо ӯ дар ҳаҷми 300 сомонӣ ҷаримабандӣ ва маҳрум шудан аз шаҳодатномаи ронандагӣ ба муҳлати то 1 сол ҷазо гирифта метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.