Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи $3,4 млн барқ фурӯхт

Тайи чор моҳи охири соли 2020 Тоҷикистон давра ба давра интиқоли неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя қариб ба андозаи 80% зиёд кард. Моҳи сентябри соли гузашта барқи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 1,9 млн, моҳи октябр – ҳудуди 2 млн, моҳи ноябр – беш аз 2,7 млн ва моҳи декабр – қариб […]

Тайи чор моҳи охири соли 2020 Тоҷикистон давра ба давра интиқоли неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя қариб ба андозаи 80% зиёд кард.

Моҳи сентябри соли гузашта барқи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 1,9 млн, моҳи октябр – ҳудуди 2 млн, моҳи ноябр – беш аз 2,7 млн ва моҳи декабр – қариб 3,4 млн доллар интиқол дода шуд.

Соли 2020 аз Тоҷикистон ҳамагӣ ба маблағи зиёда аз 56,4 млн доллар неруи барқ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки 40% камтар аз соли 2019 мебошад.

Дар дохили худи ҷумҳурӣ давоми моҳҳои сентябр-декабр камбуди шадиди барқ эҳсос шуда, ШСХК “Барқи тоҷик” онро баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ маънидод мекард.

Бо эътирофи норасоии захираҳои обиву энергетикӣ дар ҷумҳурӣ, ҳукумат аз 5 январ реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намуд.

Айни замон танҳо сокинони хонаҳои баландошёна мунтазам бо барқ таъмин буда, аҳолии деҳот танҳо рӯзона бо барқ таъмин мешаванд ва аз соати 23-и шаб то 6-и субҳ интиқоли барқ ба онҳо қатъ мегардад.

Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ҳудуди 19,8 млрлд кВт/соатро ташкил дод, ки 4,4% ё худ 906 млн кВт/соат камтар нисбат ба соли 2019 аст.

Ҳудуди 95%-и барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва ҳаҷми боқимонда дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол шудааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки ширкати Da Afghanistan Breshna Shirkat-и Афғонистон аз ширкати “Барқи тоҷик” дархост намудааст, ки интиқоли барқро зиёд кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.