“Корвон” 72 хонаро барои сохтмони бозори нав харид

Дар Душанбе корҳои таъмиру навсозии бузургтарин бозори кишвар – “Корвон” идома дорад. Ин корҳо бояд то 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба анҷом расанд. Дар доираи ин корҳо 26 бинои 2-ошёна бо таҳхонаҳо, 10 бахши биноҳои 1-ошёна бо сохторҳои сабук, анбору ҳуҷраҳои техникӣ ва таваққуфгоҳ барои мошинҳо дар қисмати шимолии бозор сохта мешавад. Ҳамаи хароҷоти […]

Дар Душанбе корҳои таъмиру навсозии бузургтарин бозори кишвар – “Корвон” идома дорад. Ин корҳо бояд то 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба анҷом расанд.

Дар доираи ин корҳо 26 бинои 2-ошёна бо таҳхонаҳо, 10 бахши биноҳои 1-ошёна бо сохторҳои сабук, анбору ҳуҷраҳои техникӣ ва таваққуфгоҳ барои мошинҳо дар қисмати шимолии бозор сохта мешавад.

Ҳамаи хароҷоти анҷоми корҳои таъмиру навсозиро ҶДММ “Корвон” бар дӯш дорад, лекин маблағи умумии хароҷотро раҳбарияти бозор ифшо намекунад.

“Ҳамаи соҳибхонаҳо пули хуб гирифтанд”

Моҳи декабри соли 2018 ҳукумат дастур дод, ки бозор бояд ба талаботи бехатарии техникӣ, меъёрҳои санитарӣ ва гигиенӣ, дигар талаботи зарурӣ мутобиқ карда шуда, то охири соли 2020 таъмиру навсозӣ шавад.

“Бар асари ба вуҷуд омадани мушкилот бо чанде аз соҳибони мағоза ва дӯконҳо, мо каме дер мондем”, – гуфт соҳибмулки бозори “Корвон” Нуршед Машрабов.

Вақте корҳо сар шуданд, табиист, ки соҳибони биноҳои савдо изҳори норозигӣ карданд, ҳарчанд ба онҳо ба ивази мағозаҳои тахрибмешудаашон биноҳои нав пас аз анҷоми корҳои таъмир ваъда доданд.

Соҳибмулки бозор ба онҳо пешниҳод намуд, ки шарик ва саҳмиядори бозор шаванд, лекин бархе розӣ шуданду бархе норозӣ. То имрӯз бо ҳамаи онҳо созишнома ба имзо расида, ҳамроҳ дар корҳои навсозӣ иштирок мекунанд.

Мувофиқи нақшаи корҳо, ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе тасдиқ шудааст, ҶДММ”Бозори Корвон” бояд 72 хонаи воқеъ дар гирду атрофи бозорро мехарид, то ки рооҳоро васеъ ва таваққуфгоҳи бисёрқабата барои мошинҳо, инчунин гулгаштҳо созад.

Ба қавли директори бозори “Корвон” Ҳалима Мавлонова, ҳамаи соҳибмулкони манзилҳо ҷубронпулии хуб гирифтаанд.

Заррина Мамадҷонова, фурӯшандаи либосҳои кӯдакона мегӯяд, ба онҳо ҷудо кардани ҷойи баробар ба ҳозираашон дар бозори навро ваъда дода, ҳозир дар ҷойи муваққатӣ савдо мекунанд ва маблағи патенту иҷорапулӣ намесупоранд.

Соҳибмулки хонаи №201 Ибодулло Тоҳиров дар навбати худ изҳор дошт, ки аз раҳбарияти бозор барои хонаи тахрибшудааш зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ва боз 2 мағоза дар бозори нав гирифтааст.

“Аз ҷубронпулии барои хонаам гирифта розиам ва бо ин пул дар ноҳияи Рӯдакӣ хонаи нав харидам, ки майдонаш аз хонаи пешинаам калонтар аст, – иброз дошт ӯ. – Ба ивазаш хона пешниҳод карда буданд, лекин ман пул гирифтам”.

Дар ҷойи 11 хонаи тахрибшуда сохтмони таваққуфгоҳи бисёрқабата барои мошинҳо идома дорад. Он барои муваққатан гузоштани 486 автомашина пешбинӣ шудааст. Раҳбарияти бозор бар ин назар аст, ки чунин миқдор кифоя аст.

Дар наздикии бозори “Корвон” сохтмони қитъаи роҳи масофааш 1,85 километр қариб ба охир мерасад. Корҳои таъмиру навсозии қитъаи роҳ аз ҷониби шаҳрдории пойтахт бо ҷалби сарпарастон иҷро мешавад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бозор бо тарҳи нав дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, моҳи сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.