Байден фармонҳои Трампро бекор кард

Дар рӯзи аввали пас аз савгандёдкунӣ раисҷумҳури нави ИМА Ҷо Байден як силсила фармонҳоро ба имзо расонид, ки қарорҳои қабулнамудаи президенти пешини ин кишвар Доналд Трампро бекор ва тадбирҳои навро дар муқовимат бо коронавирус ҷорӣ мекунанд, хабар медиҳад ВВС. Аз ҷумла, Байден фармони Трампро дар бораи манъи вуруди шаҳрвандон аз кишварҳои бештар мусалмоннишин бекор карда, […]

Дар рӯзи аввали пас аз савгандёдкунӣ раисҷумҳури нави ИМА Ҷо Байден як силсила фармонҳоро ба имзо расонид, ки қарорҳои қабулнамудаи президенти пешини ин кишвар Доналд Трампро бекор ва тадбирҳои навро дар муқовимат бо коронавирус ҷорӣ мекунанд, хабар медиҳад ВВС.

Аз ҷумла, Байден фармони Трампро дар бораи манъи вуруди шаҳрвандон аз кишварҳои бештар мусалмоннишин бекор карда, сохтмони девор дар марз бо Мексикаро боздошт, ки замони Трамп то охирин рӯз шабонарӯзӣ месохтанд.

Ҳанӯз замони маъракаи пешазинтихоботӣ демократ ваъда дода буд, ки узвияти кишварро дар Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим барқарор мекунад. Дар бораи хориҷ шудани ИМА аз он Трамп соли 2017 бо гуфтаҳои “маро барои намояндагии шаҳрвандони Питтсбург, на Париж интихоб кардаанд” эълом дошта буд.

Ҳамчунин президент фармонеро ба имзо расонид, ки дар он хотима бахшидан ба кӯшишҳои ихроҷи шаҳрвандони ба ИМА омада замони кӯдакӣ ҳамроҳи волидон-муҳоҷирони ғайриқонунӣ пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, Байден ҷараёни хориҷ шудани кишвар аз ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустиро низ мутаваққиф кард ва пӯшидани ниқобу тадбирҳои фосилагирии иҷтимоии шаҳрвандонродар ҳамаи муассисаҳои федералӣ ва барои хизматчиёни давлатӣ ҳатмӣ кард.

“Пас аз савгандёдкунӣ имрӯз ман дарҳол ба кор пардохта, тадбирҳои зеринро анҷом хоҳам дод:

– зери назорат гирифтани пандемия;

– расонидани кумаки иқтисодӣ;

– тадбирҳо дар самти пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим;

– пешбурди таъмини адолати нажодӣ”, – навиштааст Байден дар аккаунти расмиаш дар “Твиттер”.

Сухангӯи президенти нав Ҷен Псаки изҳор доштааст, ки рӯзҳои наздик Байден бо ҳамин суръат ба содир намудани фармонҳо идома медиҳад.

Аз ҷумла, бекор шудани манъи ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ даъват намудани ҳамҷинсгароён (трансгендерҳо) ва манъи кумаки молиявӣ ба ташкилотҳои хориҷӣро, ки ба исқоти ҳамл мусоидат мекунанд, метавон интизорӣ дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.