Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар Тоҷикистон ба маблағи $3,5 млрд

Айни замон дар Тоҷикистон 70 лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии наздики 40 млрд сомонӣ (зиёда аз 3,5 млрд доллар) мавриди амалишавӣ қарор дорад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, ҳудуди нисфи (50%) маблағгузории лоиҳаҳои амалишаванда бар асоси қарзҳо ва 45% – бар асоси кумаки бебозгашт (грант) сурат […]

Айни замон дар Тоҷикистон 70 лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии наздики 40 млрд сомонӣ (зиёда аз 3,5 млрд доллар) мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, ҳудуди нисфи (50%) маблағгузории лоиҳаҳои амалишаванда бар асоси қарзҳо ва 45% – бар асоси кумаки бебозгашт (грант) сурат гирифта, боқимондаро ҳиссаи маблағгузории ҳукумат ташкил медиҳад.

Ин маблағҳо ба барқарор ва рушди низоми нақлиёту энергетика, соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахши кишоварзӣ ва обёрӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар самтҳо равона мегарданд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии хориҷӣ ният дорад, ки дар се соли наздик баҳри татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 1 млрд 160 млн доллар қарзи хориҷӣ дастрас кунад.

Аз ҷумла, соли 2021 ҷалби 452,9 млн, соли 2022 – 459,7 млн ва соли 2023 – 246,8 млн доллар ба нақша гирифта шудааст.

Дастрасии ин маблағҳо асосан аз ҳисоби Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд, Фонди Саудии рушд, Фонди Кувейтии рушд, Бонки содиротиву воридотии Чин (Эксимбонк), Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки авруосиёии рушд ва дигар мададрасонон маблағгузорӣ мешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, то 1 октябри соли гузашта ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон 3 млрд 163 млн доллар ё худ 36,9% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишварро ташкил медод. Давоми 9 моҳи соли 2020 барои пардохти қарзҳои хориҷӣ 149,2 млн доллар равона гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.