Гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон моҳи март аз сар гирифта мешаванд

Тоҷикистону Қирғизистон даҳаи аввали моҳи март гуфтушунидҳоро оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо барқарор мекунанд. Тавре 24.kg бо такя ба гуфтаҳои намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон оид ба масоили сарҳад Назирбек Борубоев дар брифинг хабар медиҳад, дар робита ба вазъи марбут ба сирояти COVID-19, кори Комиссияи ҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар […]

Тоҷикистону Қирғизистон даҳаи аввали моҳи март гуфтушунидҳоро оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо барқарор мекунанд.

Тавре 24.kg бо такя ба гуфтаҳои намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон оид ба масоили сарҳад Назирбек Борубоев дар брифинг хабар медиҳад, дар робита ба вазъи марбут ба сирояти COVID-19, кори Комиссияи ҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад боздошта шуда буд.

“Тавре медонед, ин комиссияро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунад, – изҳор доштааст ӯ. – Ӯ ҳозир бемор буда, вақте муолиҷа шудаву бармегардад, даҳаи аввали моҳи март гуфтушуниҳоро бо Тоҷикистон оғоз мекунем”.

Номбурда инчунин қайд кардааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон корро дар ин самт соли ҳанӯз 2002 оғоз намуда, дар мавриди таъйину аломатгузории 60%-и сарҳад ба мувофиқа расиданд.

“Қитъаҳои боқимонда хеле мушкиланд, аз ин рӯ, ҳалли онҳо дар муҳлати кӯтоҳ муяссар намешавад”, – илова кардааст Борубоев.

Ёдрас мекунем, ки пас аз таъини Азим Иброҳим ба мансаби вазири нақлиёт, акнун минбаъд ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба дақиқ кардани гузариши хатти сарҳад муовини сарвазир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода роҳбарӣ хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо, натавонистанд сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд.

Баъзан дар ҳамин минтақаҳо ва барои тақсими обу замин ва чарогоҳ ҷанҷолу тирандозӣ сурат мегирад ва то кунун чандин нафар аз ду тараф куштаву захмӣ шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.